БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ БО ИШТИРОКИ ПРОФЕССОРИ ДОНИШГОҲИ КОТАИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН ДАР ДБССТ

13 октябри соли 2026 дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, густариши робитаҳои академӣ ва табодули таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки профессор Анухрати Шарма аз Донишгоҳи Котаи Ҷумҳурии Ҳиндустон дарси намунавӣ баргузор гардид.

Машғулияти мазкур барои донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси 1-25010402 – «Кори бонкӣ», гурӯҳи таълимаш бо забони англисии факултети фаъолияти бонкӣ дар бинои таълимии «Д», ошёнаи 5, аудиторияи 504 ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ҷараёни дарси намунавӣ масъалаҳои мубрами рушди низоми бонкдории муосир, такмили механизмҳои идоракунии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, нақши муассисаҳои молиявӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва аҳаммияти татбиқи таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи бонкдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Профессор Анухрати Шарма зимни машғулият ба масъалаҳои рушди хизматрасониҳои молиявию бонкӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти бонкҳо, идоракунии хавфҳои молиявӣ ва таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба низоми молиявии кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба таҷрибаи Ҷумҳурии Ҳиндустон дар самти рушди низоми бонкдорӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионии молиявӣ, баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ ва рушди воситаҳои муосири пардохт мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Хусусияти муҳими машғулияти мазкур баргузории он бо забони англисӣ буда, барои донишҷӯён имконияти мусоид фароҳам овард, ки дар баробари аз худ намудани донишҳои тахассусӣ, малакаҳои муоширати касбӣ бо забони хориҷӣ, истифодаи истилоҳоти байналмилалии молиявию бонкӣ ва қобилияти таҳлили масъалаҳои иқтисодиро такмил диҳанд.

Дар ҷараёни дарс донишҷӯён имконият пайдо намуданд, ки бо равишҳои муосири таълим ва таҷрибаи илмии муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ҳиндустон шинос гардида, доир ба масъалаҳои рушди фаъолияти бонкӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ ва дурнамои низоми молиявии ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намоянд.

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин дарсҳои намунавӣ бо иштироки олимону профессорони хориҷӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими робитаи донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ, рушди ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар бозори байналмилалии меҳнат аҳаммияти муҳим дорад.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи сиёсати байналмилаликунонии фаъолияти илмӣ ва таълимӣ ҷиҳати ҷалби олимону профессорони хориҷӣ, ташкили дарсҳои намунавӣ ва лексияҳои академӣ бо забонҳои хориҷӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ пайваста тадбирҳои муассир меандешад.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар