ДАР ДУШАНБЕ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САЙЁҲИИ УСТУВОР ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД

13 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ифтитоҳи расмии Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд аз 13 то 18 октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мегардад.

Форум ба баррасии масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳии устувор ва ҳифзу муаррифии мероси фарҳангӣ бахшида шуда, дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ ва меҳмонони байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Маросими ифтитоҳи Форум соати 10:00 дар толори калони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор шуд. Пеш аз оғози қисми расмӣ, аз соати 08:30 то 10:00 намоишгоҳи бузурги идонаи «Шукӯҳи Меҳргон» доир гардида, иштирокчиёну меҳмонон аз он дидан намуданд.

Дар маросими ифтитоҳ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор сухани ифтитоҳӣ ироа намуд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки «Маҳз бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ мавқеи устувор пайдо намуда, муаррифии таъриху тамаддуни тоҷикон, эҳёи ҷашну анъанаҳои бостонӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ ба ҷузъи муҳими сиёсати давлатии кишвар табдил ёфтааст. Имрӯз самараи ин сиёсати дурбинонаро дар афзудани таваҷҷуҳи байналмилалӣ ба Тоҷикистон, густариши робитаҳои илмӣ ва имкониятҳои нави ҳамкории иқтисодию фарҳангӣ мушоҳида менамоем.

Соли 2026 барои Тоҷикистон ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соли рӯйдодҳои дорои аҳамияти хоса аст. Таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо марҳилаи арҷгузорӣ ба дастовардҳои таърихии даврони соҳибистиқлолӣ, балки давраи муҳими бознигарӣ ба роҳи тайшуда ва муайян намудани уфуқҳои нави рушди кишвар мебошад. Бо эҳсоси баланди ифтихор аз дастовардҳои миллӣ ва эътимоди устувор ба ояндаи дурахшони Ватан, барои пешрафти илму маориф, рушди иқтисоди сабз, татбиқи технологияҳои ҳушманд ва густариши ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ ҳадафҳои наву созандаро пеш мегузорем.

Қобили тазаккур аст, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аллакай рӯзҳои 14-18 апрели соли 2026 Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд»-ро бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд. Форуми зикршуда минбари фарогири муколамаи давлат, илм, донишгоҳҳо, соҳибкорӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гардида, ба масъалаҳои иқтисоди сабз, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои ҳушманд бахшида шуда буд.

Баргузории форуми имрӯза дар арафаи ҷашни бостонии Меҳргон рамзӣ мебошад. Меҳргон таҷассумгари фаровонӣ, қадршиносии заҳмати инсон, арҷгузорӣ ба замину об, меҳру дӯстӣ ва ҳамзистии созанда бо табиат аст. Арзишҳое, ки ниёгони мо ҳазорон сол пеш гиромӣ медоштанд, имрӯз дар меҳвари рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор ҷой доранд.

Боиси ифтихор аст, ки соли 2024 ҷашни Меҳргон бо пешниҳоди муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Феҳристи намояндагии мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид. Ин эътироф бори дигар нишон дод, ки анъанаҳои миллии мо дорои арзиши фаромиллӣ буда, метавонанд барои ҳамдигарфаҳмӣ ва наздикшавии халқҳо хизмат намоянд.

Иштироки меҳмонони хориҷӣ дар Форум ҳамзамон имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар баробари табодули афкори илмӣ бо фарҳанги ғанӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, табиати нотакрор ва меҳмоннавозии тоҷикона аз наздик ошно гарданд. Зеро мероси фарҳангӣ танҳо ёдгори гузашта нест, балки арзиши зиндае мебошад, ки дар рӯзгори мардум таҷассум ёфта, асолати худро дар пайванди наслҳо ҳифз менамояд.

Рушди сайёҳӣ бо масъалаҳои муҳими ҳифзи муҳити зист ва рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор робитаи зич дорад. Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои ҳаётан муҳими башарият ҷалб намудаанд. Эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе далели аҳамияти ин ташаббусҳо мебошанд.

Дар татбиқи ин ҳадафҳо нақши донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ калидӣ мебошад. Донишгоҳи муосир бояд ба маркази тавлиди донишҳои нав, таҳияи пешниҳодҳои илман асоснок, рушди инноватсия, дастгирии соҳибкорӣ ва ташаккули фарҳанги масъулияти иҷтимоию экологӣ табдил ёбад. Маҳз ҳамгироии илм, таҳсилот ва амалия заминаи устувори пешрафти ҷомеаро фароҳам меорад.

Баргузории Форуми мазкур ба таҳкими ҳамкориҳо ва ноил шудан ба се натиҷаи муҳим равона гардидааст:

Якум, ташаккули шабакаҳои нави илмӣ ва академӣ, таҳқиқоти муштарак ва табодули дониш;

Дуюм, афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва пешбурди лоиҳаҳои соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

Сеюм, ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалӣ барои ҳифз, омӯзиш, рақамикунонӣ ва муаррифии мероси табиию фарҳангӣ.

Арзиши воқеӣ ва аҳаммияти Форуми мазкур дар натиҷаҳои пойдори он таҷассум меёбад. Меъёри асосии муваффақияти он идомаи ҳамкориҳои судманд, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, роҳандозии барномаҳои нави таълимӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои тоза барои рушди устувори минтақаҳо ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа хоҳад буд».

Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Ҳамро Саидзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, директори Агении ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода бо суханони шодбошӣ баромад намуданд.

Яке аз бахшҳои муҳимми маросими кушодашавӣ иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Аз ҷумла, Президенти Донишгоҳи кушоди Араби Баҳрайн, профессор Наҷма Ғулум Ризо Н. Муҳаммад Тақӣ, ректори Донишгоҳи Хушал Хан Хаттак, профессор Муҳаммад Тоҳир, Президенти Академияи сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалии Федератсияи Россия, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ольга Вячеславовна Пирогова ва муассиси Донишгоҳи Турони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Муҳаммад Алӣ Ҳакимович Саидов дар назди иштирокчиён суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, шоир ва тарҷумони Финландия Киамарс Бағбонӣ дар маросими ифтитоҳ суханронӣ намуд.

Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ аз самтҳои муҳими рушди соҳаи сайёҳӣ ба шумор мераванд. Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангӣ дар баробари фароҳам овардани имкониятҳои нави сайёҳӣ ба баланд бардоштани ҷолибияти кишвар барои меҳмонони хориҷӣ мусоидат мекунанд. Дар ин замина, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, муҳаққиқон, сохторҳои давлатӣ ва намояндагони соҳаи сайёҳӣ барои омӯзишу истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда аҳаммияти хос дорад.

Баргузории чунин форумҳо барои фароҳам овардани фазои муколамаи касбӣ, табодули таҷриба ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ имконият фароҳам меорад. Ҳамзамон, онҳо метавонанд ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба мероси ғании таърихию фарҳангии Тоҷикистон ва зарурати ҳифзи он мусоидат намоянд.

Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардида, 2000 нафар намояндагони беш аз 60 кишварҳои гуногунро дар атрофи масъалаҳои муҳимми сайёҳӣ ва фарҳанг муттаҳид месозад.

Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳимми байналмилалиест, ки ҳадафи он муаррифии шоистаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан, мероси ғании фарҳангӣ, табиати нотакрор ва имкониятҳои васеи рушди сайёҳии устувор мебошад. Ин чорабинӣ дар айёми таҷлили Меҳргон – яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик, ки соли 2024 ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардидааст, баргузор шуда, ба пайванди арзишҳои таърихию фарҳангӣ бо ҳадафҳои муосири рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аҳаммияти хосса мебахшад. Барномаи Форум шаш рӯз буда, дар маҷмуъ, беш аз 20 чорабиниро фаро мегирад.

Чорабиниҳои дигари форум тибқи барнома идома доранд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар