БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ БО ИШТИРОКИ ОРИЁМЕҲР ҶОВИДОН ДАР ДБССТ

13 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи таҳкими робитаҳои илмӣ ва таълимӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва густариши таҷрибаҳои муосири омӯзгорӣ бо иштироки профессор Ориёмеҳр Ҷовидон дарси намунавӣ баргузор гардид.

Машғулияти мазкур барои донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси 1-26010100 – «Идораи давлатӣ», гурӯҳи «Б» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ҷараёни дарси намунавӣ масъалаҳои мубрами рушди низоми идоракунии давлатӣ, такмили механизмҳои идоракунии муосир, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва нақши технологияҳои инноватсионӣ дар рушди идоракунии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, ба масъалаҳои ташаккули салоҳиятҳои касбии хизматчиёни давлатӣ, рушди тафаккури таҳлилӣ, қабули қарорҳои самараноки идоракунӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар фаъолияти мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Баргузории чунин машғулиятҳо барои таҳкими донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён, рушди малакаҳои касбӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос дар соҳаи идоракунии давлатӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати такмили сифати таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтидори

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар