БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ БО ИШТИРОКИ ПРОФЕССОРИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН ДАР ДБССТ

Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, таҳкими робитаҳои академӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар раванди таҳсилот дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки профессор Манхендр Гавинолла аз Ҷумҳурии Ҳиндустон дарси намунавӣ баргузор гардид.

Машғулияти мазкур барои донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси 1-25010805 ташкил ва гузаронида шуда, ба таҳкими донишҳои назариявӣ, рушди малакаҳои касбӣ ва шиносоии донишҷӯён бо равишҳои муосири таълим ва таҷрибаи байналмилалӣ равона гардид.

Дар ҷараёни дарси намунавӣ профессор Манхендр Гавинолла ба масъалаҳои истифодаи донишҳои илмӣ дар фаъолияти амалӣ, аҳаммияти технологияҳои инноватсионӣ дар рушди соҳаҳои иқтисодиёт, ташаккули тафаккури таҳлилӣ ва зарурати мутобиқ намудани омодасозии мутахассисон ба талаботи бозори меҳнати муосир таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ҳамзамон, зимни машғулият аҳаммияти истифодаи усулҳои интерактивии таълим, рушди қобилияти таҳлилу арзёбии масъалаҳои касбӣ, ташаккули малакаҳои мустақилона қабул намудани қарорҳо ва истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар фаъолияти касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дарси намунавӣ барои донишҷӯён имконият фароҳам овард, ки бо таҷрибаи илмӣ ва таълимии профессори хориҷӣ шинос гардида, доир ба масъалаҳои марбут ба самти таҳсил ва дурнамои рушди касбии худ мубодилаи афкор намоянд.

Қобили зикр аст, ки ҷалби олимону профессорони хориҷӣ ба раванди таълим яке аз самтҳои муҳими байналмилаликунонии фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, густариши робитаҳои илмӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир мусоидат менамояд.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ташкили дарсҳои намунавӣ, лексияҳои академӣ ва табодули таҷриба бо олимону мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар