Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, густариши робитаҳои академӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар раванди таҳсилот дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки профессор Читаранчан Сенапати аз Донишкадаи омӯзиши рушди Ҷиро, шаҳри Лакҳнауи Ҷумҳурии Ҳиндустон дарси намунавӣ аз фанни «Географияи иқтисодӣ» баргузор гардид.
Машғулияти мазкур ба омӯзиши масъалаҳои мубрами географияи иқтисодӣ, қонуниятҳои ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунанда, тақсимоти ҳудудии захираҳои иқтисодӣ, рушди иқтисодиёти минтақавӣ ва таъсири омилҳои табиию ҷуғрофӣ ба ташаккули низоми муносибатҳои иқтисодӣ равона гардид.
Дар ҷараёни дарси намунавӣ профессор Читаранчан Сенапати масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва иқтисодӣ, нақши мавқеи географӣ дар рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, хусусиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо ва аҳаммияти ҳамгироии иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои рушди устувори минтақаҳо, таъсири равандҳои урбанизатсия ба иқтисодиёт, истифодаи имкониятҳои ҷуғрофӣ барои рушди соҳибкорӣ ва сайёҳӣ, инчунин зарурати таъмини тавозуни байни рушди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист зоҳир гардид.
Ҳамзамон, зимни машғулият масъалаҳои марбут ба таҷрибаи Ҷумҳурии Ҳиндустон дар самти рушди иқтисодиёти минтақавӣ, истифодаи самараноки иқтидори захиравӣ, рушди инфрасохтори иқтисодӣ ва татбиқи равишҳои муосири банақшагирии ҳудудӣ баррасӣ шуданд.
Дарси намунавӣ барои донишҷӯён имконият фароҳам овард, ки бо равишҳои муосири таҳқиқоти географию иқтисодӣ, таҷрибаи байналмилалии омӯзиши рушди минтақавӣ ва усулҳои таҳлили омилҳои таъсиррасон ба рушди иқтисодиёт шинос гарданд.
Баргузории чунин машғулиятҳо бо иштироки олимону профессорони хориҷӣ барои таҳкими донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён, рушди тафаккури таҳлилӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии онҳо аҳаммияти муҳим дорад.
Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи сиёсати байналмилаликунонии фаъолияти илмӣ ва таълимӣ ба ҷалби олимону муҳаққиқони хориҷӣ, ташкили дарсҳои намунавӣ, лексияҳои академӣ ва табодули таҷрибаи илмӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
Чунин ташаббусҳо ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати муосир мусоидат менамоянд.













