Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, таҳкими робитаҳои академӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар раванди таҳсилот дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки доктор Муҳаммад Азаҳар Аббос – директори Маркази таҳқиқот ва инноватсияҳои таъсиргузори Донишгоҳи Малайзия дарси намунавӣ баргузор гардид.
Машғулияти мазкур барои донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси «Иқтисодиёти ҷаҳонӣ» ташкил ва гузаронида шуда, ба масъалаҳои мубрами рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, равандҳои ҳамгироии иқтисодии байналмилалӣ, нақши инноватсия дар рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими рақобатпазирии кишварҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ бахшида шуд.
Зимни дарси намунавӣ масъалаҳои таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба иқтисодиёти кишварҳо, рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байналмилалӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва нақши технологияҳои инноватсионӣ дар ташаккули модели муосири рушди иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, ташаккули низоми миллии инноватсионӣ, ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо бахши хусусӣ ва истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона гардид.
Ҳамзамон, дар доираи машғулият аҳаммияти таҷрибаи байналмилалӣ, аз ҷумла таҷрибаи Малайзия дар рушди иқтисоди донишбунёд, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва таҳкими мавқеи кишвар дар низоми муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дарси намунавӣ барои донишҷӯён имконияти мусоид фароҳам овард, ки бо равишҳои муосири таҳқиқоти иқтисодӣ, таҷрибаи байналмилалии рушди инноватсионӣ ва масъалаҳои мубрами иқтисоди ҷаҳонӣ шинос гардида, доир ба дурнамои рушди муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ мубодилаи афкор намоянд.
Баргузории чунин машғулиятҳо бо иштироки олимону коршиносони хориҷӣ ба таҳкими донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён, рушди тафаккури таҳлилӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии байналмилалии онҳо мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки ҷалби олимону муҳаққиқони хориҷӣ ба раванди таълим яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди таҳқиқоти муштараки илмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии академӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия, ташкили дарсҳои намунавӣ, лексияҳои академӣ ва табодули таҷрибаи илмӣ тадбирҳои муассир меандешад.










