Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, таҳкими робитаҳои академӣ ва табодули таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки Ҷаманқулова Гулҷамал – доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи туркологияи Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Жусуп Баласагин дарси намунавӣ баргузор гардид.
Машғулияти мазкур барои донишҷӯёни ихтисоси «Рӯзноманигорӣ» ташкил ва гузаронида шуда, ба масъалаҳои мубрами рушди журналистикаи муосир, нақши забон ва фарҳанг дар фаъолияти воситаҳои ахбори омма, таҳкими фарҳанги муоширати касбӣ ва аҳаммияти муносибатҳои байнифарҳангӣ дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ равона гардид.
Дар ҷараёни дарси намунавӣ масъалаҳои назариявӣ ва амалии фаъолияти рӯзноманигорӣ, хусусиятҳои истифодаи забони адабӣ дар воситаҳои ахбори омма, меъёрҳои таҳияи матнҳои иттилоотию таҳлилӣ ва нақши журналистика дар ҳифзу муаррифии арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои робитаи забоншиносӣ ва журналистика, нақши воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ, масъулияти иҷтимоии рӯзноманигор ва аҳаммияти риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ зоҳир гардид.
Ҳамзамон, дар доираи машғулият масъалаҳои марбут ба омӯзиши забонҳо ва фарҳангҳои халқҳои минтақа, рушди муоширати байнифарҳангӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ ба фазои иттилоотӣ ва зарурати ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дарси намунавӣ барои донишҷӯён имконияти мусоид фароҳам овард, ки бо равишҳои муосири таҳқиқоти филологӣ, таҷрибаи байналмилалии таълими журналистика ва аҳаммияти донишҳои забоншиносӣ дар фаъолияти касбии рӯзноманигор шинос гардида, доир ба масъалаҳои мубрами рушди воситаҳои ахбори омма мубодилаи афкор намоянд.
Баргузории чунин машғулиятҳо бо иштироки олимону профессорони хориҷӣ ба таҳкими донишҳои назариявию амалии донишҷӯён, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги суханварӣ ва ташаккули салоҳиятҳои касбии рӯзноманигорони оянда мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки ҷалби олимону мутахассисони хориҷӣ ба раванди таълим яке аз самтҳои муҳими байналмилаликунонии фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва рушди робитаҳои академӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қирғизистон, ташкили дарсҳои намунавӣ, лексияҳои академӣ ва табодули таҷрибаи илмӣ дар самтҳои журналистика, филология ва робитаҳои байнифарҳангӣ тадбирҳои муассир меандешад.











