МИЗИ МУДАВВАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «СТАНДАРТҲОИ АВРУОСИЁИИ ТАҲСИЛОТИ СОҲИБКОРӢ: ОМОДА НАМУДАНИ СОҲИБКОРОН ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ»

Дар ҳошияи баргузории Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» санаи 13 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мизи мудаввари байналмилалӣ таҳти унвони «Стандартҳои авруосиёии таҳсилоти соҳибкорӣ: омода намудани соҳибкорон дар соҳаи сайёҳӣ» баргузор гардид.

Мизи мудаввар ба баррасии масъалаҳои такмили низоми таҳсилоти соҳибкорӣ, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори муосири сайёҳӣ бахшида шуд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии имкониятҳои татбиқи стандартҳои авруосиёии таҳсилоти соҳибкорӣ, мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва муайян намудани роҳҳои такмили низоми омодасозии соҳибкорон дар соҳаи сайёҳӣ буд. Дар ин замина, масъалаҳои мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат, таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо бахши хусусӣ, рушди малакаҳои амалии донишҷӯён ва истифодаи усулҳои инноватсионии таълим мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, масъалаҳои рушди соҳибкории сайёҳӣ, ташаккули салоҳиятҳои касбӣ, идоракунии самараноки фаъолияти соҳибкорӣ, таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

Сухани ифтитоҳиро ректори Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ оғоз намуда чунин қайд намуданд ки стандартҳои авруосиёии таҳсилоти соҳибкорӣ ба омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ тавассути рушди донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалӣ, тафаккури инноватсионӣ ва қобилияти идоракунии тиҷорат равона гардида, барои ташаккули соҳибкорони рақобатпазир, ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ ва рушди устувори соҳаи сайёҳӣ замина фароҳам меоранд.

Профессор Имран Акперов, ректори Донишгоҳи Авруосиёии соҳибкории Растов на Дону, зимни суханронӣ дар мавзӯи «Стандартҳои авруосиёии таҳсилоти соҳибкорӣ» аҳаммияти такмили низоми таҳсилоти соҳибкорӣ, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва рушди ҳамкориҳои байналмилалиро таъкид намуда, нақши донишгоҳҳоро дар омода кардани соҳибкорони муваффақ, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ, муҳим арзёбӣ карданд.

Светлана Байда, намояндаи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, дар мавзӯи «Роҳҳои бартараф намудани монеаҳо дар муомилоти байналмилалӣ: экосистемаи ТОП ва платформаи рақамии “Пули рақамӣ”» баромад намуда, аҳаммияти истифодаи технологияҳои рақамӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ташаккули платформаҳои муосирро барои осон намудани муомилоти тиҷоратӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодии байни кишварҳо таъкид кард.

Виктория Михайловна, намояндаи нашрияи «Бизнес-журнал»-и Федератсияи Россия, дар мавзӯи «Лоиҳаҳои сайёҳии шаҳри Қазон» баромад намуда, таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳои муосири сайёҳӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳонро муаррифӣ кард. Ҳамзамон, аҳаммияти истифодаи таҷрибаи пешқадам барои баланд бардоштани иқтидори сайёҳӣ ва рушди устувори минтақаҳо таъкид гардид.

Муслим Эргашбаев, намояндаи Маркази рушди устувори Ҷумҳурии Узбекистон, дар мавзӯи «Таҳсилоти дуалӣ» суханронӣ намуда, нақши ин низоми таълимро дар омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ аҳаммияти ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корхонаю ташкилотҳоро барои пайвастани донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон таъкид намуд.

Иштирокчиён ба зарурати таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, табодули таҷрибаи омӯзгорону донишҷӯён ва ҷорӣ намудани равишҳои муосири омодасозии мутахассисон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Зимни баргузории мизи мудаввар Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, Раёсати таълим, Академияи сайёҳӣ ва Факултети соҳибкорӣ ва менеҷменти байналмилалӣ саҳмгузорӣ намуда, иштироки Иттиҳоди байналмилалии таълимии «Деловая Евразия» барои баррасии таҷриба ва имкониятҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ замина фароҳам овард.

Муколамаи намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва шарикони байналмилалӣ барои муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ, омӯзиши таҷрибаҳои пешқадам ва ҷустуҷӯи роҳҳои такмили сифати таҳсилоти соҳибкорӣ аҳаммияти муҳим касб намуд.

Баргузории мизи мудаввари байналмилалӣ дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» барои таҳкими робитаи илму маориф бо фаъолияти амалии соҳибкорӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва такмили низоми омодасозии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Натиҷаҳои чорабинӣ метавонанд барои мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат, рушди малакаҳои соҳибкорӣ ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосири соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.

Ёдовар мешавем, ки аз 13 то 18 октябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад. Ин ҳамоиши фарогир бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ва шарикони рушд ташкил гардида, ба минбари муҳимми муколамаи байналмилалӣ, табодули таҷриба, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар табдил хоҳад ёфт.

Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳимми байналмилалиест, ки ҳадафи он муаррифии шоистаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан, мероси ғании фарҳангӣ, табиати нотакрор ва имкониятҳои васеи рушди сайёҳии устувор мебошад. Ин чорабинӣ дар айёми таҷлили Меҳргон – яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик, ки соли 2024 ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардидааст, баргузор шуда, ба пайванди арзишҳои таърихию фарҳангӣ бо ҳадафҳои муосири рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аҳаммияти хосса мебахшад.

Барномаи чорабинӣ шаш рӯзро дар бар гирифта, дар маҷмуъ, беш аз 20 чорабиниро фаро мегирад. Чорабиниҳо дар Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Хуҷанд, Данғара ва Дарвоз пешбинӣ шудаанд. Баргузории он дар ҳафт шаҳру ноҳия ва се забони корӣ – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз фарогирии васеи барнома ва аҳаммияти муколамаи байналмилалии он шаҳодат медиҳад. Дар меҳвари ин ҳамоиш масъалаҳои сайёҳии устувор, ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди сайёҳии таърихию этнографӣ, кишоварзии устувор, амнияти озуқаворӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ қарор доранд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар