ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ

Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 13 то 18 октябри соли равон баргузор гардида истодааст ва бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши робитаҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин табодули таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ, байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Академияи сайёҳии Донишгоҳи Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон чорабинии муштарак баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои ҳамкориҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки густариши робитаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Эрон метавонад дар рушди соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва тарбияи мутахассисони рақобатпазир саҳми назаррас гузорад.
Ин иқдом қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои судманд, рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки таълимию илмӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.
Хотиррасон мекунем, ки Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳимми байналмилалиест, ки ҳадафи он муаррифии шоистаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан, мероси ғании фарҳангӣ, табиати нотакрор ва имкониятҳои васеи рушди сайёҳии устувор мебошад. Ин чорабинӣ дар айёми таҷлили Меҳргон ­­- яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик, ки соли 2024 ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардидааст, баргузор шуда, ба пайванди арзишҳои таърихию фарҳангӣ бо ҳадафҳои муосири рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аҳаммияти хосса мебахшад.
Барномаи чорабинӣ шаш рӯзро дар бар гирифта, беш аз 20 чорабиниро фаро мегирад. Дар Форум беш аз 2000 нафар меҳмонони хориҷӣ аз беш аз 60 кишвари олам иштирок карда истодаанд. Чорабиниҳо дар Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Хуҷанд, Данғара ва Дарвоз доир мегарданд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар