14 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Моделҳои инноватсионии рушди соҳибкорӣ дар шароити муосир» бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон, коршиносон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва доираҳои соҳибкорӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони зиёда аз 50 кишвари хориҷӣ иштирок намуда, масъалаҳои мубрами рушди соҳибкорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, ташаккули моделҳои инноватсионии фаъолияти иқтисодӣ, рақамикунонии равандҳои соҳибкорӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва такмили механизмҳои дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёнаро мавриди баррасии илмӣ қарор доданд.
Ҳадафи асосии баргузории конференсия фароҳам овардани майдони муколамаи байналмилалии илмӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва муайян намудани равишҳои муосири рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар заминаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва имкониятҳои иқтисоди рақамӣ арзёбӣ гардид.
Зимни ҳамоиш таъкид карда шуд, ки дар шароити таҳаввулоти босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ, рушди соҳибкории инноватсионӣ яке аз омилҳои калидии таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва таҳкими иқтидори иқтисодии давлатҳо ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни конференсия олимону муҳаққиқони ватанию хориҷӣ бо маърузаҳои илмӣ баромад намуда, масъалаҳои татбиқи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, рушди стартапҳо, ташаккули экосистемаи инноватсионӣ, ҷалби сармоягузорӣ, такмили механизмҳои институтсионалии дастгирии соҳибкорӣ ва рушди иқтисоди сабзро мавриди таҳлилу муҳокима қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмию таҳқиқотӣ дар рушди соҳибкории инноватсионӣ, тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва таҳкими ҳамкории илм, маориф ва истеҳсолот равона гардид.
Иштирокдорони конференсия зимни мубодилаи афкор иброз доштанд, ки истифодаи самараноки технологияҳои муосир, татбиқи моделҳои нави идоракунӣ, рушди соҳибкории рақамӣ ва ташаккули муҳити мусоиди сармоягузорӣ метавонанд ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ мусоидат намоянд.
Ҳамзамон, дар доираи муҳокимаҳои илмӣ аҳаммияти густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмию инноватсионӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ дар самти рушди соҳибкорӣ таъкид гардид.
Дар фарҷоми конференсия натиҷаҳои муҳокимаҳои илмӣ ҷамъбаст гардида, ҷиҳати такмили механизмҳои дастгирии соҳибкорӣ, рушди инфрасохтори инноватсионӣ, тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти иқтисодӣ тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.
Баргузории конференсияи мазкур иқдоми муҳим дар самти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ, ҳамгироии илм ва соҳибкорӣ, рушди таҳқиқоти инноватсионӣ ва муаррифии иқтидори илмию таҳқиқотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.





































