БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САЙЁҲИИ ТИББӢ ВА СОЛИМГАРДОНӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН: ИҚТИДОР, СТАНДАРТҲО ВА ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ»

Дар ҳошияи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 13 то 18 октябр доир гардида истодааст, санаи 14 октябри соли 2026 дар осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ ҳамчун омили рушди устувори Тоҷикистон: иқтидор, стандартҳо ва ҳамкории байналмилалӣ» баргузор гардид.

Конференсия ба баррасии масъалаҳои рушди сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиию табобатии кишвар ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самти афзалиятнок бахшида шуд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии имкониятҳои рушди сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ, мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва муайян намудани роҳҳои истифодаи самараноки иқтидори табиию табобатии Тоҷикистон буд. Дар ин замина, масъалаҳои такмили инфрасохтори осоишгоҳҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббию солимгардонӣ, мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои соҳавӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омодасозии мутахассисони соҳибкасб, ташаккули маҳсулоти нави сайёҳӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии хизматрасониҳои солимгардонӣ баррасӣ гардиданд.

Дар доираи баргузории конференсияи байналмилалии «Сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ ҳамчун омили рушди устувори Тоҷикистон: стандартҳо ва ҳамкории байналмилалӣ» Ректори Академияи сайёҳии ДБССТ, профессор Саидзода Масрур Мирзохон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, зимни суханронии худ аҳаммияти рушди сайёҳии тиббӣ ва солимгардониро дар таҳкими иқтидори сайёҳии кишвар, беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Абдуллозода зимни суханронии худ дар конференсияи байналмилалии «Сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ ҳамчун омили рушди устувори Тоҷикистон: иқтидор, стандартҳо ва ҳамкории байналмилалӣ» иброз доштанд, ки рушди сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ яке аз самтҳои муҳими тавсеаи хизматрасониҳои тиббӣ ва муаррифии имкониятҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи кори конференсияи байналмилалии «Сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ» як қатор мутахассисону олимони соҳаи иқтисодиёт, тиб, сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

Коршиноси фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, намояндаи кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии иқтисод ва идоракунии Новосибирск Боброва Ирина Петровна дар мавзӯи «Захираҳои рушди сайёҳии тиббӣ дар фазои ИДМ» суханронӣ намуда, ба имкониятҳои рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар ин самт таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Доктори илмҳои биологӣ, намояндаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Саттаров Ҷамшед Саидович дар маърӯзаи худ таҳти унвони «Захираҳои осоишгоҳӣ-солимгардонӣ ва боғу ҷангалзори Тоҷикистон» имкониятҳои табиии кишварро барои рушди сайёҳии солимгардонӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда баррасӣ намуд.

Ҳамчунин, табиби шоистаи Федератсияи Русия, ҷарроҳ, акушер-гинеколог, табиби дараҷаи олӣ, профессор ва доктори илмҳои тиб Шевела Андрей Иванович дар мавзӯи «Маркази технологияҳои нави тиббӣ ҳамчун шарики бисёрсоҳа ва маркази сайёҳии тиббии кишварҳои ИДМ» баромад карда, нақши муассисаҳои муосири тиббиро дар рушди хизматрасониҳои босифат ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Намояндаи Маркази сайёҳии тиббии кишварҳои ИДМ дар Ноҳияи федералии Сибир дар заминаи Маркази технологияҳои нави тиббӣ, директори тиҷоратии ЦНМТ Шевцова Надежда Васильевна дар мавзӯи «Аз лоиҳаҳои озмоишӣ ба ҳамкории низомнок дар сайёҳии тиббӣ. Моделҳои ҳамкорӣ: Новосибирск — Тоҷикистон» маърӯза намуда, роҳҳои таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ байни муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ва Новосибирскро пешниҳод кард.

Дар идомаи конференсия роҳбари шуъбаи онкологии Маркази технологияҳои нави тиббӣ, табиби дараҷаи олӣ, онколог ва ҷарроҳи узвҳои шикам Шорохов Роман Викторович дар мавзӯи «Онкологияи муосир: тамоюлҳо, технологияҳои беназир. Кейсҳо дар заминаи “Технологияҳои нави тиббӣ”» суханронӣ намуда, масъалаҳои рушди технологияҳои муосири ташхису табобати бемориҳои саратон ва таҷрибаи амалии марказро муаррифӣ кард.

Номзади илмҳои таърих, дотсент ва мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии иқтисод ва идоракунии Новосибирск Сербина Анна Степановна дар мавзӯи «Омодасозии кадрҳо дар соҳаи сайёҳии тиббӣ» маърӯза намуда, аҳаммияти тайёр кардани мутахассисони соҳибтахассус ва рушди донишҳои касбиро барои пешрафти ин соҳа таъкид кард.

Маърӯзаҳои пешниҳодшуда доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳии тиббӣ, истифодаи имкониятҳои табиию солимгардонии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани технологияҳои нави тиббӣ, омодасозии кадрҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро фаро гирифтанд. Баррасии ин мавзӯъҳо барои муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва шарикони хориҷӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди сайёҳии тиббӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Доктори илмҳои биологӣ, намояндаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Саттаров Ҷамшед Саидович дар маърӯзаи худ таҳти унвони «Захираҳои осоишгоҳӣ-солимгардонӣ ва боғу ҷангалзори Тоҷикистон» имкониятҳои табиии кишварро барои рушди сайёҳии солимгардонӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда баррасӣ намуд.

Ҳамчунин, табиби шоистаи Федератсияи Русия, ҷарроҳ, акушер-гинеколог, табиби дараҷаи олӣ, профессор ва доктори илмҳои тиб Шевела Андрей Иванович дар мавзӯи «Маркази технологияҳои нави тиббӣ ҳамчун шарики бисёрсоҳа ва маркази сайёҳии тиббии кишварҳои ИДМ» баромад карда, нақши муассисаҳои муосири тиббиро дар рушди хизматрасониҳои босифат ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Намояндаи Маркази сайёҳии тиббии кишварҳои ИДМ дар Ноҳияи федералии Сибир дар заминаи Маркази технологияҳои нави тиббӣ, директори тиҷоратии ЦНМТ Шевцова Надежда Васильевна дар мавзӯи «Аз лоиҳаҳои озмоишӣ ба ҳамкории низомнок дар сайёҳии тиббӣ. Моделҳои ҳамкорӣ: Новосибирск — Тоҷикистон» маърӯза намуда, роҳҳои таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ байни муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ва Новосибирскро пешниҳод кард.

Дар идомаи конференсия роҳбари шуъбаи онкологии Маркази технологияҳои нави тиббӣ, табиби дараҷаи олӣ, онколог ва ҷарроҳи узвҳои шикам Шорохов Роман Викторович дар мавзӯи «Онкологияи муосир: тамоюлҳо, технологияҳои беназир. Кейсҳо дар заминаи “Технологияҳои нави тиббӣ”» суханронӣ намуда, масъалаҳои рушди технологияҳои муосири ташхису табобати бемориҳои саратон ва таҷрибаи амалии марказро муаррифӣ кард.

Номзади илмҳои таърих, дотсент ва мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии иқтисод ва идоракунии Новосибирск Сербина Анна Степановна дар мавзӯи «Омодасозии кадрҳо дар соҳаи сайёҳии тиббӣ» маърӯза намуда, аҳаммияти тайёр кардани мутахассисони соҳибтахассус ва рушди донишҳои касбиро барои пешрафти ин соҳа таъкид кард.

Иштирокчиён ба зарурати истифодаи оқилонаи захираҳои табиию табобатӣ, такмили низоми идоракунӣ, беҳтар намудани инфрасохтори осоишгоҳҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ва мутобиқсозии хизматрасониҳо ба талаботи байналмилалии сифат ҳамчун омилҳои муҳими рушди соҳа арзёбӣ гардид.

Зимни баргузории конференсия масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байни муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои тиббӣ ва бахши хусусӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Дар ин замина, имкониятҳои ҳамкории илмӣ бо Донишгоҳи давлатии иқтисод ва идоракунии Новосибирск ва Озмоишгоҳи илмӣ – Маркази таҳқиқоти муқоисавии минтақавии «Россия – Осиёи Марказӣ» барои омӯзиши равандҳои минтақавии рушди сайёҳӣ, таҳқиқи таҷрибаи байналмилалӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкории мутақобилан судманд аҳаммияти хосса доранд.

Муколамаи намояндагони муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои соҳавӣ барои мубодилаи таҷриба, омӯзиши равишҳои пешқадами байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави рушди сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ замина фароҳам овард. Ҳамзамон, масъалаҳои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва муаррифии имкониятҳои табобатию фароғатии Тоҷикистон дар бозори байналмилалии сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

Баргузории конференсияи байналмилалӣ дар осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» барои таҳкими робитаи илму маориф бо фаъолияти амалии соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва истифодаи самараноки иқтидори табиию табобатии кишвар мусоидат менамояд.

Натиҷаҳои чорабинӣ метавонанд барои такмили сифати хизматрасониҳои тиббию солимгардонӣ, таҳияи маҳсулоти нави сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.

Бояд гуфт, ки аз 13 то 18 октябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад. Ин ҳамоиши фарогир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ва шарикони рушд ташкил гардида, ба минбари муҳимми муколамаи байналмилалӣ, табодули таҷриба, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар табдил ёфт.

Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳимми байналмилалиест, ки ҳадафи он муаррифии шоистаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан, мероси ғании фарҳангӣ, табиати нотакрор ва имкониятҳои васеи рушди сайёҳии устувор мебошад. Дар доираи форум баргузории чунин чорабиниҳо ба баррасии самтҳои афзалиятноки рушди соҳа, аз ҷумла сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ, ҷалби сармоягузорӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои муосир мусоидат менамояд.

Барномаи чорабинӣ шаш рӯзро дар бар гирифта, беш аз 20 ҳамоишро фаро мегирад. Чорабиниҳо дар Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Хуҷанд, Данғара ва Дарвоз пешбинӣ шудаанд. Баргузории он дар ҳафт шаҳру ноҳия ва се забони корӣ – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз фарогирии васеи барнома ва аҳаммияти муколамаи байналмилалии он шаҳодат медиҳад. Дар меҳвари ин ҳамоиш масъалаҳои сайёҳии устувор, ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди сайёҳии таърихию этнографӣ, кишоварзии устувор, амнияти озуқаворӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ қарор доранд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар