МУЛОҚОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ДИПЛОМАТИЯ БО ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲҚИҚОТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии “Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ” вохӯрии ректори Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Фатҳулло Ҷабборзода бо директори Институти байналмилалии таҳқиқоти Осиёи Марказӣ Эврин Рутбил доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои илмӣ, омӯзиши равандҳои муосири сиёсиву иқтисодии минтақа, таҳқиқоти муштарак дар самти муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатия, амнияти минтақавӣ ва рушди устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити таҳаввулоти босуръати муносибатҳои байналмилалӣ, тақвияти ҳамкориҳои муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, табодули дониш ва таҷрибаи коршиносӣ барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳаммияти рӯзафзун пайдо менамояд.

Дар ҷараёни мулоқот ба ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ, муколамаи минтақавӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин имкониятҳои баргузории конфронсу ҳамоишҳои муштараки байналмилалӣ, таҳияи лоиҳаҳои илмӣ, нашри мақолаҳои таҳқиқотӣ, ташкили барномаҳои табодули олимону муҳаққиқон ва ҷалби коршиносон ба омӯзиши масъалаҳои мубрами рушди Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.

Натиҷаи муҳимми вохӯрӣ имзои санади ҳамкорӣ миёни Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Институти байналмилалии таҳқиқоти Осиёи Марказӣ гардид. Санади мазкур барои ташаккули заминаҳои устувори ҳамкориҳои институтсионалӣ, татбиқи ташаббусҳои муштараки илмиву таҳқиқотӣ, рушди дипломатияи илмӣ ва тақвияти робитаҳои академӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дарозмуддат, татбиқи амалии муқаррароти санади баимзорасида ва пешбурди ташаббусҳои муштарак дар самти омӯзиши равандҳои минтақавию байналмилалӣ изҳор намуданд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар