БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ ДАР МАВЗӮИ “ПАЁМ – РОҲНАМОИ ЗАНОН”

Санаи 14 феврали соли 2025 бо ташаббуси Шурои кор бо занон ва духтарони донишгоҳ дар толори фарҳангии ДБССТ ҳамоиш дар мавзӯи “Паём – роҳнамои занон” баргузор гардид, ки дар он фаъолзанони донишгоҳ, литсей ва литсейи дузандагӣ, аз ҷумла муаллимаҳо, коргузорони воҳидҳои сохторӣ ва донишҷӯдухтарон иштирок доштанд.
Ҳамоишро раиси Шурои кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Зарипова Гулниссо оғоз намуда, дар бораи нақши Паём дар болоравии мақоми зан, тарбияи занон дар рӯҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ, маърифати баланди меҳнатдӯстӣ ва фаъолияти занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ибрози андеша намуд.
Дар ҳамоиш Сармутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холова Зарина оиди баланд бардоштани нақши занону бонувон дар идоракунии давлатӣ, зиёд намудани шумораи занону духтарони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва барномаҳои марбут ба занон нутқ ироа намуд.
Дар идомаи ҳамоиш номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи таърих ва фалсафа Раҳматуллоева Гулханда ва раиси занон ва духтарони литсейи дузандагӣ Самадова Сайёра дар бораи мақоми зан дар дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикистон ва оид ба масъалаи дастгирӣ ва фаъолнокии занон, эҳтиром ба зан-модар таваҷҷӯҳи хоса доштани доштани Ҳукумат баромад намуданд. Ҳамчунин дар идомаи ҳамоиш бахшида ба васфи Паём, Ватан як гурӯҳ донишҷӯдухтарон шеърҳо қироат намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш байни устодону шогирдон ва занон суолу ҷавоб сурат гирифт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *