Барномаҳои таҳсилотӣ

Кафедраи барномасозӣ ва низомҳои зеҳнӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисонро омода менамояд:

МУТАХАССИСИ ИҚТИСОДЧӢ ИНФОРМАТИК (40010202)

Ин ихтисос барои тадбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар самтҳои гуногуни хоҷагии мамлакат пайдо гардидааст. Барои дар ин самт фаолият намудан, доштани дониши касбии баланд дар соҳаҳои информатика ва идоракунии захираҳои  информатсионӣ талаб карда мешавад. Намудҳои аосии фаъолияти касбии ихтисоси 40010202 – Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт инҳо мебошанд: ташкили-идоракунӣ, балоиҳагирии техникӣ, маркетингӣ, ҷудокунӣ, аналитикӣ ва корҳои соҳибкорӣ. Объектҳои фаолияти касбии ин ихтисос: Вазоратҳо, бонкҳо, корхонаҳо ва зерсохторҳои онҳо ва муассисаҳои тиҷоратии гуногун шуда метавонад.

Инчунин хатмкунандагони ин ихтисос метавонанд бо дигар намуди фаолияти касбӣ машғул шаванд: илмӣ-тадқиқотӣ; омӯзгорӣ; иҷтимоӣ-идоракунӣ ва ғайра. Иқтисодчӣ-информатик метавонад ҳамчунин дар муассисаҳои таълимӣ фаолият намояд. Хатмкунандагони кафедра ҳамчунин метавонанд – мутахасисони пешбар шуда, дар ширкатҳои равияи информатсионӣ дошта, ҳамчун иқтисодчӣ-информатик дар шӯъбаҳо ва хадамотҳои технологияҳои информатсионии корхонаҳо, муасисаҳо фаолияти худро ба роҳ монда, фаолияти соҳибкориро дар самти технологияҳои информатсионӣ низ пеш баранд.

МУТАХАССИС ОИД БА БЕХАТАРИИ ИТИЛООТӢ (40010104)

Мутахассисони соҳаи бехатарии иттилоотӣ дар сохтани системаҳои ҳифзи иттилоот, таҳлил ва санҷиши он иштироки бевосита дошта, таҳлилҳои тавакали иттилоотӣ карда метавонанд ва барои пешгирии он сохтани чорабиниҳо ва роҳҳои пешгириро пешниҳод менамояд. Дар салоҳияти он инчунин масъулияти ҷойгиркунӣ, танзим ва назорати нармафзорҳои (воситаҳои техникии) ҳифзи иттилоот шомиланд. Мутахассисони соҳаи амнияти иттилоотӣ дар корхона бо кормандон оиди масъалаҳои таъмини ҳифзи иттилоотӣ омузиш ва машварат гузаронида, санадҳои меъёриву техникиро омода месозанд. Ин вазифа дар омезиши самтҳои технологияи иттилоотӣ ва технологияи таъминоти бехатарӣ руйи кор омадааст.

Мутахассисони бехатарии иттилоотӣ дар  сохторҳои гуногуни корхонаву ширкатҳои давлатӣ, тиҷоратӣ, ташкилотҳои идоравӣ ва ҷамъиятӣ кор ва фаъолият карда метавонанд. Мутахассисони ин соҳа низоми ҳимояро барои ширкатҳои алоҳида, ҳифзи шабакаҳои компютерии маҳалӣ аз ҳамлаҳои вирусӣ ё таҳдидҳои нобакорон (хакерон), месозанд. Онҳо паҳншавии иттилооти муҳим ва махфии муассисаро пешгирӣ намуда сатҳи дастрасии иттилоотро ба зинаҳои гуногуни идорӣ муайян менамоянд. Дар миқёси давлатӣ мутахассисони амнияти иттилоотӣ низоми ҳифзи иттилоотии стратегиро дар бораи ҳифз ва дифоъи мамлакат месозанд. Инчунин пойгоҳи додаҳои махфии сири давлатӣ ва қувваҳои мусалаҳи мамлакат дар масъулияти чунин мутахассисон медарояд. Объектҳои асосии фаъолияти хатмкунандагони ин ихтисос, муассисаҳои шакли моликияти гуногундошта, ки шабакаи компютерӣ доранд ва ба ҳифзу нигоҳдории иттилооти тиҷоративу муҳим зарурат доранд, кор ва фаъолият карда метавонанд. 

МУТАХАССИСИ МУҲАНДИС БАРНОМАСОЗ (40010108)

Муҳандис – барномасоз ин мутахассисе мебошад, ки ба коркарди алгоритмҳо ва барномаҳои компютерӣ дар асоси моделҳои махсуси математикӣ машғул аст. Мутахссисон – барномасозони мо баъди хатми донишкада метавонанд аз рӯи се самти барномасозӣ фаъолият намоянд: Барномасозони татбиқӣ, Барномасозони системавӣ, Барномасозони шабакавӣ.

Барномасозони татбиқӣ. Барномасозони татбиқӣ одатан ба коркарди нармафзорҳои (таъминоти барномавӣ) хосияти амалӣ дошта, машғуланд, масалан, коркарди бозиҳои компютерӣ, барномаҳои ҳисобдорӣ, виройишгарони матнию графикӣ ва  ғайра. Онҳо метавонанд нармафзорҳоро барои низоми худкори назоратӣ, таҳия ва банду баст намоянд. Инчунин метавонанд нармафзорҳои мавҷударо ба шароити маҳалӣ мутобиқ намоянд.

Барномасозони системавӣ. Барномасозони системавӣ ба таҳия ва сохтани системаҳои амалиётӣ, барномаҳои шабакавӣ машғул буда, муҳити кории пойгоҳи додаҳоро эъҷод менамоянд. Мутахассисони ин самт хеле нодир буда, онҳоро бо музди меҳнати хеле калон ба кор ҷалб менамоянд. Барномасозони ситемавӣ ба коркарди системаҳои нармафзорҳо машғул шуда, дар навбати худ идоракунии сахтафзорҳои компютерро низ идора мекунанд. Инчунин онҳо сохтан ва омоданамудаи нармафзори идории ҷузъҳои компютериро амалӣ менамоянд.

Барномасозони шабакавӣ. Барномасозони шабакавӣ одатан бо барномасозӣ дар шабакаҳои компютери машғуланд, аниқтараш қисми зиёди вақти кориашонро барои барномасозӣ дар шабакаҳои маҳалливу саросарӣ сарф мекунанд. Онҳо ба навиштани сомонаҳо, веб сафҳаҳо ва муҳитҳои кории пойгоҳи додаҳо бештар ҷалб мегарданд. Инчунин дар асоси таҳлили моделҳои математикӣ ва алгоритмҳои ҳалли масъалаҳои илмию техникӣ ва масоили истеҳсолӣ, барномасоз барномаи ҳалли масъалаи ҳисоббарориро менависад. Усулҳо ва сохтори ҳисоббарории ҳалли масъаларо омода намуда, алгоритми ҳалро дар забони мошинӣ месозанд. Объектҳои асосии фаъолияти барномасозони мо, ширкатҳои IT ва web-ташкилотҳо, марказҳои илмӣ-татқиқотӣ ва муассисаҳое, ки ба банду басти нармафзорҳои компютерӣ машғулан шуда метавонад.

МУТАХАССИСИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ (400301)

Зеҳни сунъӣ (AI) як фанни илмӣ мебошад, ки объекти он системаҳои зеҳнӣ ва моделҳои расмии онҳо ва мавзӯи тадқиқот моделҳо, асбобҳо ва усулҳои тарҳрезии системаҳои интеллектуалӣ мебошад.

Тайёр намудани мутахассис аз рўи ин ихтисос ташаккули салоњиятњои муайяни касбї, аз љумла донишу малакањоро дар соњаи тањлили система ва муќаррар намудани масъалањо дар назар дорад; мушаххасоти алгоритм; ба расмият даровардани маълумот ва дониш; барномарезӣ ва ислоҳи барномаҳо ҳамчун як қисми системаи мураккаб; ташкили истехсол, истифода ва модернизацияи системахои интеллектуалии максадхои гуногун; гузарондани тадкикоти тачрибавй дар сохаи интеллекти сунъй ва гайра.

1-40010202 Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)
1-40010108 Муҳандиси барномавӣ
1-40010104 Бехатарии иттилоотӣ
1-400301 Зеҳни сунъӣ
1-40030103 Технологияи зехнии компютерии реинжинеринг ва бизнес-равандҳо
1-40010103 Системаҳои компютерии бонкӣ