Кафедраи забон ва адабиёти рус

Кафедраи забон ва адабиёти рус яке аз кафедраҳои аввалини донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Кафедраи мазкур дар заминаи кафедраи забонҳои хориҷӣ бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз 29.06.2024 таҳти №380 таъсис ёфта, аз 1-ми сентябри соли 2024 амал менамояд.

Фаъолияти худро кафедра дар аввали соли таҳсили  2024-2025 ҳамчун кафедраи “Забон ва адабиёти рус” оғоз намуда, дар ин давра   корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.   

Кафедраи забон ва адабиёти рус ҳамчун қисми ҷудонашавандаи факултети гуманитарӣ – педагогӣ фаъолияти худро дар асоси талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи маориф”, “Дар бораи маълумоти олии касбӣ ва маълумоти касбӣ баъд аз муассисаҳои олӣ ”, “Низомномаи намунавӣ дар бораи муассисаи  олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи кафедраи муассисаи  олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ мондааст.

Аз замони ташкил ёфтани кафедра ҳайати омӯзгорон барои таълими забон ва адабиёти рус дар тарбияи кадрҳои баландихтисос ҳадафу вазифаҳои гуногун гузоштаанд.

Чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани тахассуси касбии ҳайати омӯзгорони кафедра паҳлӯҳои гуногуни соҳаи маорифро фаро мегирад. Аз ҷумла;

-таълим ва тарбияи хонандагон – ҳамчун ҷузъи асоси рушди ҷомеа;

-гузаронидани чорабиниҳои илмӣ, методӣ, фарҳангӣ, тарбиявӣ, ва ҷамъиятию сиёсӣ, бо мақсади баланд бардоштани тахассуси касбии ҳайати омӯзгорони кафедра ва васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва сатҳи дониши забони русии мутахассисони оянда;

– тартиб додани китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва маводҳои таълимии тамоми ихтисосҳои донишгоҳ;

– баланд бардоштани савияи дониши забон аз рӯи ихтисос, муоширати байнишахсӣ ва таълими забони русӣ – забони муоширати байни миллатҳо.

Айни замон дар кафедра омӯзгорони зерин, аз қабили  д.и.ф., профессор Рустамова Г.Р., н.и.п., дотсент Алиқулова С.Т., н.и.п., дотсент Гургулиева О.Х., н.и.ф., дотсент Галимова М.Б., н.и.ф., дотсент Назарова Р.С., н.и.ф., дотсент Мирзоева С.А., омӯзгорони калон Шарипова Ф.Л., Файзалиев Б.А., ассистентон Шарипова Х.С., Кушакова И.А., Соҳибова А.Н., Насимзода Ш.М. Бабаханова Ф.Р., Ахмедова Ш.М., фаъолияти педагогӣ карда истодаанд ва ҳамарӯза барои омузонидани забон ва адабиёти рус ба донишҷӯён саъю кушиш намуда, барои рушди илму маърифат дар Тоҷикистон, дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, ки ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ мебошанд, фаъолона ҳиссагузорӣ менамоянд.

Кафедра аз рӯи ихтисоси зерин мутахассисонро тайёр менамояд :

  • 020306 “Забони русӣ”.

Хатмкунандагони ин ихтисос метавонанд дар ҳамаи мактатбҳои миёна ва олӣ , боғчаҳои кӯдакона, литсейҳо ва гимназияҳои, курсҳои забони русӣ, муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои шахсӣ фаъолияти корӣ намоянд.  

Хатмкунандагони ин ихтисос, ки дорои дониши баланди тахассусӣ ва салоҳияти дахлдор мебошанд, метавонанд дар дигар соҳаҳое, ки ба тахассуси онҳо мувофиқанд, кор кунанд.

Бакалаврҳо аз рӯи ин ихтисос ба фаъолияти касбии омӯзгори забони русӣ, тарҷумон ва ходими илмӣ омода мешаванд.Ин барномаи таълимӣ мувофиқи самт ва тамоюл амалӣ карда мешавад. Омӯзгороне, ки дараҷаи бакалавр доранд, метавонанд таҳсилро дар зинаи дуюми таҳсилоти олии касбӣ – магистратура аз рӯи ихтисос ва самти дахлдор идома диҳад.