Кафедраи забон ва фарҳанг

Кафедраи забон ва фарҳанг аз аввалини кафедраҳои Донишгоҳ ба ҳисоб рафта, ҳоло дар назди факултети гуманитарӣ-педагогӣ фаъолият намуда истодааст. Кафедраи мазкур дар заминаи кафедраи забонҳои хориҷӣ бо қарори Шӯрои олимони донишкада аз 29 августи соли 2023 ,№1/9.9. таъсис дода шудааст.

 Кафедраи забон ва фарҳанг ҳамчун фаъолияти худро дар асоси талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи маориф”, “Дар бораи маълумоти олии касбӣ ва маълумоти касбӣ баъд аз муассисаҳои олӣ ”, “Низомномаи намунавӣ дар бораи муассисаи  олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи кафедраи муассисаи  олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ мондааст.

     Аз замони ташкил ёфтани кафедра ҳайати омӯзгорони он барои таълими фанҳои тааллуқдоштаи кафедра дар тарбияи кадрҳои баландихтисос ҳадафу вазифаҳои гуногун гузошта, комёб гардидаанд. Чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани тахассуси касбии ҳайати омӯзгорони кафедра паҳлӯҳои гуногуни соҳаи маорифро фаро мегиранд. Аз ҷумла:

-таълим ва тарбияи хонандагон – ҳамчун ҷузъи асосии рушди ҷомеа;- гузаронидани чорабиниҳои илмӣ, методӣ, фарҳангӣ, тарбиявӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ бо мақсади баланд бардоштани тахассуси касбии ҳайати омӯзгорони кафедра ва васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва сатҳи дониши забонии мутахассисони оянда;- тартиб додани китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва маводҳои таълимии тамоми ихтисосҳои Донишгоҳ. – баланд бардоштани савияи дониши донишомӯзон        Айни замон дар кафедра  профессор Хоҷаев Қурбон Тоҳирович, профессор Кабиров Хуршед Шаҳбозович, дотсентон: Назаров Холназар Давлатшоевич, Амонова Муслима Нуровна, Сангинова Рақиба Иномовна, Наҷмиддинова Умринисо Сайдалиевна, Муродзода Мукаррамаи Раҷабалӣ, Гурозов Ҷамшед Нурмаҳмадович, омӯзгорон Ёрова Зулайхо Ҳабибуллоевна, Шаҳнозаи Турсунзода, Ташрипов Насриддин Баҳриддинович  фаъолияти педагогӣ карда истодаанд ва ҳамарӯза  барои омузонидани забону фарҳанги миллати тоҷик ба донишҷӯён саъю кушиш намуда, барои рушди илму маърифат дар Тоҷикистон, дар  тайёр кнамудани  мутахассисони баландихтисос, ки ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ мебошанд, фаъолона ҳиссагузорӣ менамоянд.

Кафедра аз рӯйи ихтисоси зерин мутахассисонро тайёр менамояд :

1-230109 (рӯзноманигори байналмилалӣ) Хатмкунандагони ин ихтисос метавонанд дар саросари ҷаҳон фаъолият и корӣ намуда робитаҳои забонии байнифарҳангиро устувор нигоҳ медоранд.  

Хатмкунандагони ин ихтисос, ки дорои дониши баланди тахассусӣ ва салоҳияти дахлдор мебошанд, метавонанд дар дигар соҳаҳое, ки ба тахассуси онҳо мувофиқанд, кор кунанд          Бакалаврҳо аз рӯйи ин ихтисос ба фаъолияти касбии   рӯзноманигори байналмилалӣ, тарҷумонӣ ва ходими илмӣ омода мешаванд.