ЗАМИНАИ ҲАМА ДАСТОВАРДҲО – СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ВАТАН ВА СУБОТИ КОМИЛ

     Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мамлакат эълон шуда, омили калидии таҳкими давлат ва рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ гардид.
    Чуноне, Пешвои муаззами миллат 30 майи соли 2024 зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар қайд намуданд “Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад”.
   Албатта, заминаи ин ҳама дастовардҳо соҳибистиқлолии Ватан ва суботи комил аст. Маҳз, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи маориф рушд кард, биноҳои наву замонавӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия мавриди истифода қарор гирифтанд.
    Аз ҷумла, чанд соли охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дастовардҳои назаррас ба амал омаданд. Таъсиси литсей, коллеҷ ва филиалҳои донишгоҳ дар вилоятҳои Хатлону Суғд, биноҳои нави таълимӣ, қабули барномаҳои илмӣ –таълимӣ, таъсиси кафедраи ҳарбӣ дар донишгоҳ ва дигар муваффақиятҳо маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва ҷаҳду талошҳои роҳбари ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба миён омаданд.
   Вусъати ҳамкорӣ бо муасссисаҳои олии Аврупову Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба маротиб боло бурдани маоши омӯзгорон ва дастгирии муҳаққиқону донишҷӯёни болаёқат аз иқдомҳои шоиставу дигари роҳбарияти ин боргоҳи илму маърифат мебошанд.
    Дар доираи дастгирии самти корҳои илмию таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ низ иқдомҳои беназир дар ин донишгоҳи бонуфӯз амал менамоянд. Махсусан, устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки рисолаи номзадиро ҳимоя мекунанд, бо 10 000 сомонӣ ва агар дифои рисолаи докториро анҷом диҳанд, бо 20 000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд. Ҳамзамон, дастгириҳои самти мазкур барои соҳаҳои сайёҳӣ ва илмҳои дақиқ бо дарназардошти ҳамчун самтҳои афзалиятнок эътироф гардидан афзалият дода шудааст, яъне барои дифои рисолаи номзадӣ 15 000 сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 30 000 сомонӣ муқаррар гардидааст.
  Илова бар ин, барои омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки дар озмун ва олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ пирӯзӣ ба даст меоранд, ҳавасмандиҳои молиявии гуногун муайян шудааст. Ҳамчунин, ба омӯзгоре, ки донишҷӯро барои олимпиада омода намудааст, маблағи муайяни ҳавасмандӣ дода мешавад.
Ҳамчунин, ҳар сол дар донишгоҳ озмуни донишгоҳии “Муҳаққиқи сол” баргузор мегардад, ки ғолиби он бо “Диплом” ва ҳавасмандиҳои молиявӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
     Соли чорум аст, ки бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” баргузор карда мешавад. Соли ҷорӣ баргузории ин озмун ба рӯзҳои 20-21 май рост омад ва дар он беш аз 150 нафар донишҷӯён аз 29 МТОК иштирок ва аз рӯйи 6 фан, матемтатика, физика, химия, технологияҳои иттилоотӣ, география ва ҳуқуқ байни худ сабқат намуданд. Ғолибон, чун солҳои қаблӣ бо “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, диплом ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
    Инчунин, Омуни мазкур дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” соли сеюм аст, ки дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ доир карда мешавад.
    Агар соли 2022 Озмуни минтақавии хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” аз рӯйи фанҳои математика, физика, химия, биология, география, технологияҳои иттилоотӣ, забони русӣ, забони англисӣ ва ҳуқуқ баргузор шуда бошад, пас Озмуни мазкур соли 2023 дар вилояти Хатлон ва рӯзҳои 2-3 майи соли 2024 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор карда шуд. Ғолибони озмунҳои болозикр бо “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” ва диплому мукофотпулиҳо қадрдонӣ шуданд.
    Яке аз самтҳои дигари фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон вусъати ҳамкорӣ бо муассисҳои олии хориҷӣ ва дар заминаи он табодули академии донишҷӯёну такмили ихтисоси омӯзгорон дар хориҷи кишвар мебошад. Ҳоло донишҷӯёни донишгоҳ дар муассисаҳои олии хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Аврупо ва кишварҳои Осиё идомаи таҳсил доранд, ки баъд аз хатм дар худи донишгоҳ бо кор таъмин хоҳанд шуд. Яъне, донишгоҳ бо ин мақсад устодони донишманди ояндаро бо фарогирии донишҳои муосир дар хориҷ низ тайёр менамояд, то онҳо дар тарбияи кадрҳои ватанӣ саҳми намоён гузоранд.
   Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба пойгоҳи асосии омодасозии кадрҳои баландихтисос табдил ёфтааст. Зеро, барои таълиму тарбияи шогирдон шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Масалан, 2 бинои нави таълимие, ки 1-уми сентябри соли 2021 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мавриди истифода қарор доданд, яке 5 ва дигаре 3-ошёна мебошанд. Дар биноҳои нави муассиса 48 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ, 8 озмоишгоҳ, аз ҷумла, ташхисгоҳи гумрукӣ, синфхонаи таълимии фанни муҳосибот, интелекти сунъӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, сайёҳӣ, сайёҳии кӯҳӣ, бонки таълимӣ ва синфхонаи лингофонӣ мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин, иншооти нав дорои китобхона бо 92 ҳазор нусха китоби чопӣ, 941 ҳазор нусха китоби электронӣ ва толори фарҳангӣ барои 600 ҷойи нишаст мебошад.
    Имрӯз барномаҳои таълимии ихтисосҳои донишгоҳ ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ гардонда шудаанд. Чандин ихтисоси нав таъсис ёфта, донишҷӯён бо забонҳои англисӣ, русӣ ва чинӣ низ таълим мегиранд.
Хушбатона, ҳоло Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шомили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё мебошад. Ин имкон медиҳад, ки робитаҳои хориҷии донишгоҳ бо донишкадаву донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанию хориҷӣ густариш ёбад. Айни замон теъдоди шартномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии хориҷӣ ба беш аз 160 адад расидаст.
   Роҳбарияти Донишгоҳ аз иштирокчиёни фаъоли форумҳои байналмилалии сайёҳӣ, ки дар доираи Намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ дар шаҳрҳои Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Бредаи Шоҳигарии Нидерланд, Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Женеваи Швейтсария, Лондони Подшоҳии Британияи Кабир, Даҳваи Давлати Қатар, Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб, Екатеринбурги Федератсияи Россия, Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Синдаои Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардиданд, мебошанд.
   Дар интиҳо танҳо ҷавонони хуштолеи моро завқ, талош ва заҳмат мебояд, то аз имкониятҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон самаранок истифода баранд, илм омӯзанду оянда мутахассиси варзида ба камол расанд ва дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми намоён гузоранд.
ЗОИРЗОДА И.С. – муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *