Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти донишгоҳ Саидзода С.С., дар “Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ – ITB Berlin” иштирок намуданд.
ITB Berlin яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои байналмилалии соҳаи сайёҳӣ ба шумор рафта, платформаи муҳим барои муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
Намояндагони донишгоҳ дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, дастовардҳои соҳаи омодасозии кадрҳо барои бахшҳои сайёҳӣ ва хизматрасониро муаррифӣ карданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни намоишгоҳ бо намояндагони ширкатҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ дар самти сайёҳӣ ва меҳмондорӣ мулоқотҳо ва гуфтушунидҳо баргузор гардида, масоили рушди ҳамкориҳои таълимӣ ва табодули таҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштироки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ITB Berlin қадами муҳиме дар самти муаррифии кишвар ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи меҳмондорӣ ба ҳисоб меравад.
ш. Берлин, 04.03.2025