КАФЕДРАИ МЕНЕҶМЕНТ ВА МАРКЕТИНГ

Кафедраи “Менеҷмент ва маркетинг” бо қарори Шурои олимони донишгоҳ таҳти рақами №1.3 аз 5 сентябри соли 2012 дар заминаи кафедраҳои «Назарияи иқтисод ва маркетинг»  ва «Иқтисодиёт ва идоракунии соҳибкорӣ» таъсис дода шудааст.

Кафедра мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин омода месозад:

1-260202.00 “Менеҷмент”,

1-260203.00 – “Маркетинг”,

1-260201.01 – “Бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат”

1-26020203 – Менеҷменти инноватсионӣ

1-26020202 -Менеҷменти байналмилалӣ

Хатмкунандагони ихтисосҳои кафедра дар корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ, ташкилотҳои молиявӣ-қарзӣ, бизнес-сохторҳо, корхонаҳои муштарак  кору фаъолият карда метавонанд.

Раванди таълим дар кафедра бо назардошти талаботи муносибатҳои бозорӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон устодони кафедра аз рӯи зиёда 30 фанни таълими дарс мегузаранд, ки аксари онҳо бо силлабусҳо, барномаҳои таълимӣ, матни лексияҳо ва васоитҳои айёнӣ таъмин мебошанд. Дар баробари ин,  маводҳои зарурии таълимӣ вобаста ба талаботи замон пайваста мавриди таҷдид қарор мегиранд. Аз ҷониби устодони кафедра барои самаранок ба роҳ мондани дарсҳо пайваста омода намудани дастурҳои методию таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Фанҳои тахассусие, ки дар нақшаи таълимии ихтисос ҷой дода шудаанд ба стандарти таълимӣ мувофиқат менамоянд, ки барои баланд бардоштани дараҷаи дониши донишҷўён мусоидат мекунанд. 

Кафедраи менеҷмент ва маркетинг, тайёр намудани мутахассисони баландихтисосро аз рўи барномаи умумутаълимии омодакунии мутахассисон дар соҳаи менеҷмент, маркетинг, бизнес-маъмуриятчигӣ, менеҷменти инноватсионӣ ва байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Кафедра мутахассисон-иқтисодчиёнеро омода менамояд, ки фанҳои иқтисодии заминавиро аз худ намуда, аз равандҳои дар идоракунии миллӣ ва ҷаҳонӣ бавуҷудоянда бархурдоранд ва малакаи баланди корро дар соҳаҳои мухталифи самти идоракунӣ, ташкилот, бизнес-банақшагирӣ ва идоракунӣ дар сатҳи байналмилалӣ доранд. Дар айни замон дар кафедра 12 нафар устодон фаъолият доранд, ки дар байни онҳо 6 нафар устодони унвондор мебошанд.