Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
Мудири кафедраи забон ва фарҳанг
Тел: +901-606888
Nazarov-6888@ mail.ru
Маълумоти мухтасар
Назаров Холназар Давлатшоевич аз моҳи соли 2023 аз моҳи сентябри соли 2023 ба ҳайси мудири кафедраи забон ва фарҳанги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор мекунад. Номзади илмҳои педагогӣ, и.в.дотсент.
Аз соли 2012 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор карда истодааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии ӯ ҷанбаъҳои тарбиявӣ-ахлоқии осори шифоҳии мардуми тоҷик ва таъсирпазирии онҳо ба наслҳои наврас ва ҷавон мебошад.
Рисолаи номзадиашро таҳти унвони “Андешаҳои педагогӣ-ахлоқии ҳамосаи “Гӯрғӯлӣ” дар Шурои диссертатсионии муштараки Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 31-уми декабри соли 2022 зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, доктори илмҳои философӣ ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Қодиров Каримҷон Барфакович ҳимоя намуда, бо қарори КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05.2023 таҳти №6, фармоиши №115/д.и. ба ӯ дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ дода шудааст.
Назаров Холназар Давлатшоевич дар тули фаъолияти худ дар вазифаҳои муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар МТМУ №1, ЛИТСЕЙ-ГИМНАЗИЯИ н. Ховалинг эдвайзери факултети молия ва қарзи ДДМИТ, ассистенти кафедраи забонҳои ДДМИТ, мудири кафедраи забони тоҷикии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, ходими калони илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва мудири кафедраи забон ва фарҳанги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (2023-2025) кору фаъолият намудааст.
Ӯ муаллифи 2 монография, 2 васоити таълимӣ, 2 дастури таълимӣ, 15 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ, зиёда аз 100 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин оммавӣ, зиёда аз 100 намунаҳои шеър дар жанрҳои гуногун мебошад.
Назаров Холназар Давлатшоевич ҳоло зери роҳнамоии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Хоҷа Қурбон тоҳирӣ, дар мавзуи “Моҳияти афкори педагогӣ, психологӣ ва этникии фолклори тоҷик дар тарбияи насли наврас ва ҷавон” рисолаи докторӣ омода намуда истодааст.
Профессори кафедраи забон ва фарҳанг
Тел: +985-414181
Kabirov7373@ mail.ru
Маълумоти мухтасар
Кабиров Хуршед Шаҳбозбекович аз моњи сентябри соли 2023 ба ҳайси профессори кафедраи забон ва фарҳанги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор мекунад. Доктори илмҳои филологӣ, профессор
Кабиров Хуршед Шаҳбозбекович аз солҳои 1990 донишҷӯйи шуъбаи арабии факултаи шарќшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (солҳои 1994-1996 – курси такмили забономўзӣ дар Маркази забонҳои давлати Кувейт), Мудири шуъбаи илм ва робитаҳои байналхалќии Сарраёсати обуњавосанљї ва мушоњидањои Вазорати њифзи муњити зисти ЉТ, Корманди Бунёди байналмилалалии «Хубони порсигў», Мутахассиси пешбари Раёсати сиёсати илмӣ-техникӣ ва барномаои рушди иҷтимоии Вазорати иқтисод ва робитаҳои иќтисоди хориҷии ҶТ, Ёрдамчии раиси Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Дотсенти кафедраи забони тољикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Мудири кафедраи забони тоҷикӣ Донишкадаи сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор кардааст, Профессори кафедраи забонҳои ДБССТ, Профессори кафедраи забон ва фарҳанги ДБССТ,
Ӯ муаллифи 2 монография, 4 васоити таълимӣ, 2 дастури таълимӣ-методӣ, 45 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ, зиёда аз 60 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин оммавӣ мебошад.
И.в.дотсенти кафедраи забон ва фарҳанг
Наҷмиддинова Умринисо Сайдалиевна
Тел: +938737466
numriniso@mail.ru
Маълумоти мухтасар
Наҷмиддинова Умринисо Сайдалиевна аз моњи соли 2023 аз моњи сентябри соли 2023 ба њайси и.в.дотсенти кафедраи забон ва фарҳанги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор мекунад. Номзади илмҳои филологӣ, и.в.дотсент.
Аз соли 2001 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор карда истодааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии ӯ ҷанбаъҳои тарбиявӣ-ахлоқии осори Ҷ.Балхӣ дар тарбияи наслҳои ҷавон мебошад. Дипломи номзадиашро 24 июни 2012 с. ДТО№ 0034990 гирифтааст.
Наҷмиддинова Умринисо Сайдалиевна аз соли 2001омӯзгори забони тоҷикӣ дар дар гимназияи ноҳияи Файзобод, Муҳаррири шабакаи “Фарҳанг”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон, ассистенти кафедраи Телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ, Сармуҳаррири моҳномаи “Ҳомии омӯзгор”-и Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори шуъбаи илм ва робитаҳои ҳориҷии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, дотсенти кафедраи забонҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, дотсенти кафедраи забон ва фарҳанг дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Вай муаллифи 1 монография, 2 васоити таълимӣ, 2 дастури таълимӣ, 18 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ, зиёда аз 50 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин оммавӣ мебошад
Наҷмиддинова Умринисо Сайдалиевна ҳоло зери роҳнамоии доктори илмҳои филологӣӣ, профессор Хуршед Зиёӣ, рисолаи докторӣ омода намуда истодааст.
Дотсенти кафедраи забон ва фарҳанг
Тел: +902220704
Amonova57@ mail.ru
Маълумоти мухтасар
Амонова Муслима Нуровна аз соли 2023 ба ҳайси дотсенти кафедраи забон ва фарҳанги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор мекунад. Номзади илмҳои филологӣ, дотсент.
Соли 1981 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардаат. Солҳои 1974-2025 дар вазифаҳои омӯзгори забон ва адабиёт дар МТМУ №46, Омӯзгори забон ва адабиёт, ҷонишини дректор оид ба илм дар МТМУ №25, Танзимгари факултаи иқтисодиёт ва менеҷмент, мудири кабинети методии донишгоҳ, Ассистенти кафедраи адаб ва фарҳанги Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат. Устоди калони кафедраи адаб ва фарҳанги Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат. н.и.ф.дотсенти кафедраи забон ва фарҳанги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.
Амонова Муслима Нуровна рисолаи номзадиашро 2016 дар мавзуи Хусусиятҳои услубии лексика ва морфология (ҳиссаҳои номии нутқ) дар “Сафарнома”-и Н.Хусрав ба дифоъ расонида, сазовори дараҷаи илмӣ ва аз 30.01. 2020 №0247 сазовори унвони илми гаштааст.
Ӯ муаллифи 2 монография, 2 дастури таълимӣ, 25 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ, зиёда аз 50 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин 30 мақолаҳои оммавӣ мебошад.
И.в.дотсенти кафедраи забон ва фарҳанг
Тел: +92-7055355
Mizrob66@mail.ru
Маълумоти мухтасар
Ғаффоров Мизроб Ҷалилович аз соли 2024 ба њайси и.в. дотсенти кафедраи забон ва фарҳанги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор мекунад. Номзади илмҳои филологӣ, и.в.дотсент.
Аз соли 2005 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор карда истодааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию таҳқиқотиаш “Саид Нафисӣ – муҳаққиқи рӯзгор ва осори А.Рӯдакӣ” мебошад.
Ғаффоров Мизроб Ҷалилович дар солҳои 1990-2025 дар вазифаҳои омӯзгори МТМУ №10 н.Айнӣ, мудири кафедраи Педагогика ва психологияи ДОТдар ш. Панҷакент, ҷонишини декан оид ба таълими факултети филологияи ДОТ дар ш. Панҷакент, декани факултети филологияи ДОТП, Мудири кафедраи педогогика ва писихологияи ДОТП, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик дар ДОТП, и.в дотсенти кафедраи забон ва фарҳанги ДБССТ кору фаъолият намудааст.
Ғаффоров Мизроб Ҷалилович соли 2009 таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Мирзо Муллоаҳмадов дар мавзуи “Саид Нафисӣ – муҳаққиқи рӯзгор ва осори А.Рӯдакӣ” рисолаи номзадиашро ба дифоъ расонида, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ гаштааст.
Ӯ муаллифи 1 монография, 1 васоити таълимӣ, 1 дастури таълимӣ, 15 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ, зиёда аз 40 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин оммавӣ мебошад.
Монография: Устод Рӯдакӣ аз нигоҳи Саид Нафисӣ, васоити таълимӣ: психологияи муошират ва ғ.
И.в.дотсенти кафедраи забон ва фарҳанг
Тел: +93-4444252
Sanginova1963@internet.ru
Маълумоти мухтасар
Сангинова Рақиба Иномовна аз соли 2023 ба њайси и.в. дотсенти кафедраи забон ва фарҳанги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор мекунад. Номзади илмҳои филологӣ, и.в.дотсент.
Аз соли 2005 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор карда истодааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию таҳқиқотиаш таҳқиқи “Саид Нафисӣ – муҳаққиқи рӯзгор ва осори А.Рӯдакӣ”
Сангинова Рақиба Иномовна аз соли 1980 донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе, ба номи С. Айнӣ, муаллими забон ва адабиёти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ба номи А. Рӯдакии шаҳри Конибодом, методисти кафедраи ҷомеашиносии Институти такмили ихтисоси бозомӯзии кормандони маориф, муаллими забон ва адабиёт, муовини директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и н. Шоҳмансури ш. Душанбе оид ба тарбия, танзимгари факултети муҳандисӣ-менеҷменти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, устоди калони кафедраи забон ва фарҳанги Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати ш. Душанбе, директори гимназия-литсейи назди Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати ш. Душанбе, ассистенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, муаллими калон, и.в.дотсенти кафедраи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии тиҷоарти Тоҷикистон, и.в.дотсенти кафедраи забонҳои ДБССТ кору фаъолият намуда истодааст.
Ӯ муаллифи 2 монография, 3 васоити таълимӣ, 2 дастури таълимӣ, 15 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ, зиёда аз 50 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин оммавӣ мебошад.
И.в.дотсенти кафедраи забон ва фарҳанг
Тел: +922-555-338282
gurezov@internet.ru
Маълумоти мухтасар
Гурезов Ҷамшед Нурмаҳмадович аз соли 2024 ба њайси и.в. дотсенти кафедраи забон ва фарҳанги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор мекунад. Номзади илмҳои филологӣ и.в.дотсент.
Аз соли 2005 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор карда истодааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию таҳқиқотиаш “Ҳамоса ва суннатҳои ҳамосасароӣ дар адабиёти асрҳои XI-XII тоҷику форс” мебошад.
Гурезов Ҷамшед Нурмаҳмадович дар солҳои 2005-2025 дар вазифаҳои ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон, ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети Муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муаллими калони кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, И.в. дотсенти кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ҷонишини мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ҷонишини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, и.в. Дотсенти кафедраи филологияи Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, и.в дотсенти кафедраи забон ва фарҳанги ДБССТ кору фаъолият намудааст.
Гурезов Ҷамшед соли 2015 таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдушукур Абдусатторов дар мавзуи “Усмон Мухтории Ғазнавӣ ва “Шаҳриёрнома”-и ӯ” рисолаи номзадиашро дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ гаштааст.
Ӯ муаллифи 1 монография, 3 васоити таълимӣ, 1 дастури таълимӣ, 12 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ, зиёда аз 30 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин оммавӣ мебошад.
Монография: “Усмон Мухтари Газневи е его “Шахрияр-наме”.
Ассистенти кафедраи забон ва фарҳанг
Тел.: +992 987 69 45 07
Tashrif-0204@ mail.ru
Маълумоти мухтасар
Ташрипов Насриддин Баҳриддин – омӯзгори кафедраи забон ва фарҳанги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ассистент.
Аз соли 2017 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 2020 хатм намудааст. Корҳои илмии худро дар самти адабиёти муосири тоҷик зери роҳбарии дотсенти кафедраи Назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикӣ Рустами Ваҳҳобиён идома дода истодааст.
Ташрипов Н.Б. аз санаи 07.02.2018 корро дар кафедраи забони тоҷикии Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиётӣ тоҷикӣ, оғоз намудааст (2018-2021)
Аз моҳи сентябри соли 2021 дар шуъбаи Иттилоот, робитаҳои илмӣ ва омӯзиши тамаддуни Шарқи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси Ходими калони илмӣ фаъолият намудааст (2021-2023)
Аз моҳи январ то моҳи майи 2024 ба ҳайси Мудири кафедраи забонҳои Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, адои вазифа намудааст.
Ӯ муаллими 1-китоб дар ҳаммуалифӣ ва мақолаҳои ВАК, илмӣ ва илмӣ оммавӣ мебошад.
Айни замон, Ташрипов Н.Б. дар мавзуи “Корбурди асотир ва ривоёт дар осори Муъмин Қаноат” рисолаи номзадӣ тайёр карда истодааст.
Профессори кафедраи забон ва фарҳанг
Тел: +918-664708
hojaev-4708@ mail.ru
Маълумоти мухтасар
Хоҷаев Қурбон Тоҳирович аз моњи сентябри соли 2023 ба ҳайси профессори кафедраи забон ва фарҳанги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор мекунад. Доктори илмҳои педагогӣ, профессор
Хоҷаев Қурбон Тоҳирович дар солҳои 1970-2025 омўзгори забон ва адабиёти мактаби тањсилоти миёнаи умумии №63 ноњияи Ваҳдат, мудири шуъбаи адабӣ – драмавии Театри академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, муаллими мактабҳои миёнаи рақами 52 ва 43 шаҳри Душанбе, методисти кабинети методии республикавии Вазорати маорифи Ҷумҳурӣ, ходими пешбари Институти тадқиқотии илмҳои педагогии Тоҷикистон, мудири кафедраи адаб ва фарҳанги Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Профессори кафедраи забон ва фарҳанги Донишгоњи байналмилалии сайёњї ва соњибкории Тољикистон кору фаъолият намуда истодааст.
Хоҷаев Қурбон Тоҳирович муаллифи китобҳои адабиёти тоҷик барои синфҳои 6-уми МТМУ, “Суханварӣ”, “Падидаи истиқлол”, “Ҳикматсарои Хуросон”, “Афкори педагогии Унсурмаолии Кайковус ва Носири Хисрав”, “Аркони тарбия”, Таҳлили порчаҳои манзум дар синфҳои 5-8, Методикаи таълими адабиёти тоҷик, “Фарҳанги миллии тарбия” ва ғайра мебошад.
Ӯ муаллифи 5 монография, 6 васоити таълимӣ, 2 дастури таълимӣ-методӣ, 55 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ, зиёда аз 100 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин оммавӣ мебошад.
Ассистенти кафедраи забон ва фарҳанг
Тел.: +992 985 23 57 57
E-mail: yodoshtho8690@mail.ru
Маълумоти мухтасар
Шаҳнозаи Турсунзода – ассистенти кафедраи забон ва фарҳанги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Аз соли 2018 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор карда истодааст. Самти асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии ӯ калимасозии сифат дар «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ мебошад.
Шаҳнозаи Турсунзода дар тули фаъолияти худ дар вазифаҳои омӯзгори забони тоҷикӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №40-и шаҳри Кӯлоб (солҳои 2010-2018), ассистенти кафедраи забонҳои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб (солҳои 2018-2020), ҳуҷҷатгузорӣ кафедраи забони русии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (солҳои 2020-2021), ассистенти кафедраи забон ва фарҳанги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ( аз соли 2021 то инҷониб) кору фаъолият дорад.
Ӯ муаллифи 9 мақолаҳои илмии тақризшаванда дар нашрияҳои феҳристи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва инчунин дорои 7 мақолаҳои илмии нашршуда дар семинару конференсияҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Айни замон Шаҳнозаи Турсунзода диссертатсияи номзадии худро дар мавзуи «Калимасозии сифат дар «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ» зери роҳбарии Амлоев Аминҷон Ятимович – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон таълиф намуда, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология аз рўйи ихтисоси 10.02.01 – Забони тоҷикӣ ба шурои диссертатсионии 6D.КОА-021-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод намуда, дар арафаи ҳимоя қарор дорад.