Мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг

Каримова Тахмина Ҳабибуллоевна

Тел.: (+992) 93 4888665

E-mail: takhmina1983@mail.ru

номзади илмњои иќтисодї

 

 

Маълумоти мухтасар

Каримова Тахмина Ҳабибуллоевна – мудири кафедраи Менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмњои иќтисодї, и.в. дотсент. Аз соли 2006  инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илми мамлакат фаъолият менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ ба масоили  мубрами идоракунии зиддибуҳронии корхонаҳои соҳаи хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд.

Каримова Т.Ҳ. муаллифи зиёда аз 60 маќолаи илмї, 3 монография, як китоби дарсї ва 5 васоити таълимї мебошад.

Ў иштирокчии семинарњо ва тренингњои таълимии байналмилалї дар Љумњурии Халќии Чин, Љумњурии Њиндустон мебошад.

Барои хизматҳои шоён дар соҳаи илм ва маориф Каримова Т.Ҳ. бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳ сарфароз гардонида шудааст.

Дар донишгоњ ў барои маъмурияти кафедра, таҳияи барномаҳои тањсилотї ва нақшаҳои таълимӣ, банақшагирии раванди таълим, назорати умумии фаъолияти таълимӣ, тадқиқотӣ ва тарбиявии устодони кафедра масъул аст. Аз фанњои иќтисодиёти кушоди Тољикистон, менеҷменти байналмилалӣ, маркетинги байналмилалӣ, фаъолияти иқтисоди беруна, сиёсати савдои хориҷӣ, логистикаи байналмилалӣ дарс мегўяд.