Кормандон

Cардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ

Давлатзода Насим Давлат

Тел.: +992939877878
E-mail: nasimjontumanov@gmail.com

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Давлатзода Насимҷон Давлат яке аз намояндагони фаъоли зиёиёни муосири Тоҷикистон буда, дар рушди соҳаи маориф, илм ва робитаҳои байналмилалӣ саҳми арзанда ва муассир дорад. Ӯ номзади илмҳои филологӣ, дотсент ва сардори раёсати робитаҳои хориҷии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти касбии ӯ бо ҳамгироии илм, идоракунӣ, омӯзгорӣ ва дипломатияи маориф тавъам аст.

Давлатзода Насимҷон соли 2003 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2020 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда, бо дониши амиқи касбӣ ва ҷаҳонбинии муосир вориди фазои маориф гардид. Аз ҳамон сол ӯ фаъолияти худро дар соҳаи маориф оғоз намуда, зиёда аз ду даҳсола дар зинаҳои гуногуни низоми таҳсилот аз омӯзгорӣ то роҳбарӣ фаъолона хизмат намудааст. Ин таҷрибаи тӯлонӣ ба ӯ имкон додааст, ки мушкилоту дурнамои соҳаи маорифро аз нигоҳи амалӣ ва стратегӣ дарк намояд.

Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажуҳишии Давлатзода Насимҷон адабиёти ҷаҳон, адабиёти форс-тоҷик, муносибатҳои байналмилалӣ, омӯзиши равандҳои фарҳангӣ дар адабиёт, инчунин кор бо донишҷӯёну хонандагони лаёқадманд мебошанд. Ӯ ба ташаккули тафаккури таҳлилӣ, фарҳанги илмӣ ва ҷаҳонбинии байналмилалии насли ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар баробари ин, ҳамкорӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни хориҷӣ ва густариши робитаҳои академӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ӯ ба шумор меравад.

Рисолаи номзадии Давлатзода Насимҷон таҳти роҳбарии профессор, шодравон Абдусатторов Абдушукур, дар мавзӯи «Образи бадеии Ҳотам дар адабиёти форс-тоҷик» соли 2019 дар Шурои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя гардидааст. Ин таҳқиқот бо таҳлили амиқи манобеи классикӣ, баррасии арзишҳои ахлоқӣ ва инсонгароёнаи адабиёти форс-тоҷик ва ҷойгоҳи симои Ҳотам дар анъанаи адабии Шарқ фарқ мекунад. Рисола саҳми назаррас дар омӯзиши муқоисавии образшиносии адабӣ маҳсуб меёбад.

Дар давоми фаъолияти таълимӣ ва таҳқиқотии худ Давлатзода Насимҷон зиёда аз 42 асари илмӣ, таълимӣ ва методӣ ба нашр расонидааст. Ба ин шумор 2 монография, 2 васоити таълимӣ, 2 дастури методӣ ва комплексҳои таълимӣ-методӣ, инчунин 36 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 10 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи илмӣ дохил мешаванд. Асарҳои ӯ бо равиши илмии муосир, таҳлили амиқ ва аҳамияти амалии худ дар муҳити илмӣ мавриди истифода қарор доранд.

Давлатзода Насимҷон дар баробари фаъолияти илмӣ ба кори тарҷумонӣ низ машғул аст. Соли 2025 ӯ асари бузурги таърихию илмии Аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро аз забони тоҷикӣ ба забони туркӣ тарҷума намуд. Ин тарҷума на танҳо як кори илмӣ, балки як иқдоми фарҳангӣ ва тамаддунсоз маҳсуб ёфта, дар муаррифии таърих, ҳувият ва давлатдории тоҷикон дар фазои туркзабон нақши муҳим дорад.

Яке аз давраҳои муҳим ва пурсамари фаъолияти роҳбарии Давлатзода Насим солҳои 2014–2022 мебошад, ки дар ин солҳо ӯ вазифаи директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанберо бар уҳда дошт. Дар ин муддат литсей ба яке аз муассисаҳои пешсафи ҷумҳурӣ табдил ёфта, пайваста мақоми аввалро дар сатҳи кишвар ишғол менамуд. Шогирдони литсей таҳти роҳбарӣ ва сиёсати дурандешонаи ӯ дар бонуфузтарин олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардида, бо ифтихор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ парафшон намуданд. Саҳми Давлатзода Насимҷон дар ташаккул, рушд ва нумӯи ҳаракати олимпии хонандагон дар кишвар назаррас ва таъсиргузор арзёбӣ мегардад.

Дар солҳои 2023 то августи 2025 Давлатзода Насим ҳамчун намояндаи доимии ташкилоти бонуфузи байналмилалии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) дар Тоҷикистон фаъолият намуд. Ӯ дар ин мақом ба ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби шарикони рушд ва муаррифии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи маориф саҳм гузошт. Дар доираи ин фаъолият ӯ дар ҷаласаҳо ва форумҳои байналмилалӣ дар Молдова, Аморати Муттаҳидаи Араб, Фаронса, Олмон ва Ветнам иштирок намуда, бо маърӯзаҳои илмӣ ва таҳлилӣ баромад карда, таҷрибаи Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст.

Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф ва илм, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани кадрҳои баландихтисос, Давлатзода Насимҷон соли 2016 бо нишони фахрии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ гардидааст. Ин мукофот эътирофи хизматҳои касбӣ ва мавқеи устувори ӯ дар рушди низоми маорифи миллӣ мебошад.

Айни замон Давлатзода Насимҷон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон роҳбарии самтҳои робитаҳои хориҷӣ, байналмилаликунонии равандҳои таҳсилотӣ, рушди ҳамкориҳои академӣ ва шарикиро ба уҳда дорад. Ӯ масъули таҳия ва татбиқи стратегияҳои байналмилалӣ, омодасозии ҳуҷҷатҳо барои аттестатсия ва аккредитатсияи байналмилалӣ, ҷалби лоиҳаҳо, инчунин боло бурдани нуфуз ва рақобатпазирии донишгоҳ дар фазои байналмилалии таҳсилот мебошад. Фаъолияти ӯ дар ин самт ба ҳамгироии донишгоҳ ба низоми ҷаҳонии таҳсилот заминаи устувор мегузорад.

 


Мудири шуъбаи барномаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо

Машокиров Ҷаҳонгир Неъматуллоевич

Тел.: +992 93 571 54 54
E-mail: iutet.tj@gmail.com , jahongir.mashokirov@gmail.com

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Ҷаҳонгир Машокиров – мудири шуъбаи барномаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Соли 2009 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз соли 2010 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад ва ҳамчун дар якчанд лоиҳаҳои байналмилалӣ иштирок намудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ рушди соҳаи сайёҳӣ, хизматрасониҳои сайёҳӣ, сайёҳии байналмилалӣ ва рушди сайёҳӣ дар низоми иқтисоди «сабз»-ро дар бар мегирад. Ҷаҳонир Машокиров дар якчанд донишгоҳҳои бонуфуз таҳсил намудааст:

  • Соли 2009 – 2010 магистранти Донишгоҳи давлатии технологии Беларус. Минск, Ҷумҳурии Беларус.
  • Соли 2011 – 2012 докторанти Донишгоҳи технологии Вилниюс ба номи Гедеминас. Вилниюс, Ҷумҳурии Литва.
  • Соли 2014 – Маҳорат ва рушди истеъдодҳои колеҷи ”NIIT”. Деҳлии Нав, Ҳиндустон.
  • Соли 2015 – 2016 докторанти факултети сайёҳии Донишгоҳи Малага. Малага, Испания.

Ҷаҳонгир Машокиров дар самти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ саҳми муносиб дошта, ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ноил гардидааст. Айни замон аз ҷониби муаллиф 2 – монография 120 – мақолаи илмӣ ва 2 дастурҳои методӣ ба чоп расонида шудааст.

Ҷаҳонгир Машокиров дар татбиқ намудани лоиҳаҳои байналмилалии Донишгоҳҳои бонуфузи Иттиҳоди Аврупо Донишгоҳи Залсбурги Австрия, Донишгоҳи техникии Берлини Олмон, Донишгоҳи Малага, Донишгоҳи Кадиси Испания таҳқиқоти илмӣ анҷом додааст:

  • MANECAMobility Academic Network between EU and Central Asia
  • USAIDроҳҳои паст кардани камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • gSmart Erasmus Mundus Spatial ICT Infrastructures for Smart Places
  • Erasmus + KA107 дар барномаи табодули академӣ барои устодон Донишгоҳи Кадиси Испания.

Дар Донишгоҳ Ҷаҳонгир Машокиров роҳбарии самти барномаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо, грантҳо ва сармоягузориҳои давлатӣ инчунин бурсияҳои таҳсилотиро дар раёсати робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозӣ лоиҳаҳои байналмилалиро ба зима дорад.

 Рӯихати корҳои илмӣ замима дар ORCID

 https://orcid.org/0009-0005-3975-6627


Мудири шуъбаи кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва табодули академӣ

Шарифзода Шариф Раҳим

 Тел.: +992 904 32 00 06
E-mail: sharipov.sharif@gmail.com

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Шарифзода Шариф – мудири шуъбаи кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва табодули академии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Аз соли 2015 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекунад. Самтҳои асосии фаъолияти илмии ӯ таҳқиқи равишҳои назариявӣ ва методологӣ дар идоракунии сармоягузориҳои хориҷӣ ва таҳияи тавсияҳои амалӣ барои такмили усулҳои идоракунии равандҳои сармоягузорӣ, ки мақсади онҳо таҳким ва рушди фаъолияти сармоягузорӣ дар иқтисоди миллӣ мебошад.

Дотсент Шарифзода Шариф дар самти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ саҳми назаррас гузошта, ба натиҷаҳои муҳим ва назарраси илмӣ ноил гардидааст. Дар айни замон, ӯ муаллифи 2 монография, 47 мақолаи илмӣ ва 5 дастури методӣ мебошад.

Барои  хизматҳояш Шарифзода Шариф бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2024) сарфароз шудааст.

Дар донишгоҳ ӯ ба тарҳрезӣ, ташкил ва назорат кардани тамоми шаклҳои кори таълимӣ ва тарбиявӣ бо донишҷӯёни хориҷӣ ва инчунин ташкили табодули академии донишҷӯён бо муассисаҳои олии таҳсилоти хориҷӣ машғул аст.


Мутахассиси раёсати робитаҳои байналмилалӣ 

Давлатзода Меҳрубон Саидмурод

E-mail: davlatzodamehrubon1@gmail.com

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Давлатзода Меҳрубон – мутахассиси раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Соли 2024 Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро хатм намудааст.

Аз соли 2024 фаъолияти касбии худро дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ оғоз намуда, инчунин дар татбиқи якчанд лоиҳаҳои байналмилалӣ саҳм гузоштааст.

Меҳрубон Давлатзода дар соли таҳсилии 2023-2024 дар доираи барномаи табодули академӣ фаъолияти илмӣ ва таълимии худро дар Донишгоҳи Ситии Малайзия ба анҷом расонидааст. Соли 2024 тибқи озмуни байналмилалӣ дар гурӯҳи кории Бангладеш “GlobalWings” фаъолияти худро оғоз намуд ва ба татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои рушди устувор, иқтисодиёт ва ҳамкории байналмилалӣ равона сохт.

Дар Донишгоҳ Меҳрубон Давлатзода ҳамчун мутахассиси самти бурсияҳои таҳсилотӣ ва табодули академӣ фаъолият намуда ва инчунин ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои байналмилалиро ба зимма дорад.


 

Мутахассиси пешбари раёсати робитаҳои байналмилалӣ 

Ғоибова Гулрухсор Холназаровна

E-mail: sulhiya.ghoibova@mail.ru

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Ғоибова Гулрухсор – мутахассиси пешбари раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Соли 2023 Донишгоҳи мазкурро дар зинаи бакалавр хатм намуда, таҳсилро дар зинаи магистратура идома дода, онро соли 2025 ба анҷом расонидааст.

Аз соли 2020 баробари таҳсил ба фаъолияти касбӣ дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ машғул аст. Ӯ дар татбиқи якчанд лоиҳаҳои байналмилалӣ саҳм гузоштааст.

Дар вазифаи мутахассиси пешбар, Ғоибова Гулрухсор ба ташкил ва назорати фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ бо донишҷӯёни хориҷӣ, инчунин ба роҳ мондани табодули академии донишҷӯён бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ машғул мебошад.