Мудири шуъбаи банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои рушд

Мариншоев Муқбил Мунавваршоевич

Тел.: +992 93 4444133
E-mail: marinshoevmm@gmail.com

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Мариншоев Муқбил Мунавваршоевич – мудири шуъбаи банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Аз соли 2008 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад ва ҳамчун коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи тиҷорат ва бозори истеъмолӣ  шинохта шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илми ӯ масъалаҳои муосири рушди корхонаҳои тиҷоратӣ, иқтисоди инноватсионӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди устуворро дар бар мегирад.

Дотсент Мариншоев Муқбил муаллифи зиёда аз 90 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла: 10 воситаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва комплексҳои таълимӣ-методӣ, 3 монография ва 60 мақолаҳои илмӣ (аз ин миқдор 28 мақола дар журналҳои тақризшаванда) дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисоди инноватсионию рақамӣ ва иқтисоди сабз мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти хеш Мариншоев Муқбил Мунавваршоевич ба кишварҳои Россия, Қазоқистон ва Узбекистон сафари омӯзишӣ анҷом дода такмили касб намудааст.

Барои хизматҳояш, Муқбил Мунавваршоевич бо ифтихорномаи ДДТТ (2019) ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2020) сарфароз шудааст.

Дар донишгоҳ Мариншоев Муқбил, раванди таҳия, татбиқи стратегия, барномаҳо ва нақшаҳо, аз он ҷумла Стратегияи рушди МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  бари солҳои 2024-2040 –ро ба танзим медарорад.

Рӯихати корҳои илмӣ –https://elibrary.ru/author_refs.asp?authorid=1123766


Мудири шуъбаи менеҷменти сифат

Гадоев Ҳасан Солиҳович

Телефон: + 992 901 09 88 95
mail: hasan_81-g@mail.ru

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Гадоев Ҳасан Солиҳович – мудири шуъбаи менеҷменти сифати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Аз соли 2007 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад. Фаъолияти худро ба ҳайси ассистенти кафедраи назарияи иқтисод, устоди калони кафедраи менеҷмент ва маркетинги донишгоҳ оғоз намуда, дар вазифаҳои ҷонишини декан оид ба тарбия, декани факултет фаъолият намудааст. Самти асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ масъалаҳои мубрами такмили механизми ҳавасмандгардонии коргарони бахши воқеии иқтисодиёт (дар мисоли корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-ро дар бар мегирад.

Гадоев Ҳасан Солиҳович муаллифи зиёда аз 50 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла: 1 китоби дарсӣ, 3 воситаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ, 3 монография ва 40 мақолаҳои илмӣ (аз ин миқдор 7 мақола дар маҷалаҳои тақризшаванда) мебошад.

12 марти соли 2021 дар Шурои диссертатсионии КОА 021-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон диссертатсияи номзади илмро дар мавзӯи “Такмили механизми ҳавасмандгардонии коргарони бахши воқеии иқтисодиёт (дар мисоли корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)” аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти меҳнат) таҳти мушовири илмӣ, профессор Ш. Раҳимзода дифоъ намудааст.

Дар Донишгоҳ Гадоев Ҳасан Солиҳович роҳбарии самти идоракунии сифатро бар уҳда дорад. Ӯ барои ҷиҳати ба амал овардани идоракунӣ ва мониторинги мақсадноки сифати ҳама самтҳои фаъолияти Донишгоҳ, алалхусус сифати таҳсилот масъул буда, ташкили кори фаъолияти шуъбаи менеҷменти сифатро баҳри татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар раванди таълим дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», ҳуҷҷатҳои меъёрии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва Оинномаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон густурда намудааст. 


Сармутахассиси шуъбаи менеҷменти сифат

Дайхудоев Ваҳдат Умедҷонович

Телефон: + 992 935 84 00 50
mail: daihydoev92@bk.ru

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Дайхудоев Ваҳдат Умедҷонович – сармутахассиси шуъбаи менеҷменти сифати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, устоди калон.

Аз соли 2015 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад. Фаъолияти худро ба ҳайси ассистенти кафедраи фарҳангшиносӣ ва забонҳо оғоз намуда, дар вазифаҳои ҷонишини декан оид ба тарбия фаъолият намудааст. Самти асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ масъалаҳои мубрами таърихи адабиёти тоҷик дар асри XV-ро дар мисоли муҳити зиндагӣ ва эҷодиёти Хаёлии Бухороӣ дар бар мегирад.

Дайхудоев Ваҳдат Умедҷонович муаллифи зиёда аз 40-то мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

Соли 2022 дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинаи эҷоди назм иштирок намуда, дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ғолибиятро ба даст оварданд.

Дар Донишгоҳ Дайхудоев Ваҳдат Умедҷонович ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи менеҷменти сифат фаъолият менамоянд. Мавсуф дар якҷоягӣ бо коршиносони шуъба тибқи нақша ба дарсҳои омӯзгорон, махсусан, ба дарсҳои кушода ё намунавӣ иштирок намуда, хулосаҳои худро дар шакли ҳисоботи хаттӣ ва электронӣ ба сохторҳои дахлдор пешкаш менамояд. Илова бар ин, масъалаҳое, ки дар шуроҳои амалкунандаи донишгоҳ ба шуъбаи менеҷменти сифат вогузор мешаванд, иҷрои онҳоро назорат мекунад.