Муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат

 

Шаропов Фарҳод Разоқович

Тел.: +992 98 577 79 00
e-mail: strategy@iutet.tj, sharopov.farkhod@gmail.com

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Фарҳод Шаропов – муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.

Аз соли 2000 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад ва ҳамчун коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи таъмини сифат шинохта шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ рушди фаъолияти соҳибкорӣ, савдои байналмилалӣ, иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди «сабз»-ро дар бар мегирад.

Профессор Фарход Шаропов раиси Шурои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар соҳаи сайёҳӣ, маркетинг ва соҳибкорӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 3 рисолаи докторӣ ва 8 рисолаи номзадӣ бомуваффақият ҳимоя шудаанд. Муаллифи 12 монография, 5 китоби дарсӣ ва зиёда аз 90 мақолаи илмӣ дар соҳаҳои соҳибкорӣ, сайёҳӣ, иқтисоди рақамӣ ва таҳсилоти олӣ мебошад.

Фаъолияти ӯ дар соҳаи илм ва маориф инчунин дар иштирокаш дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ инъикос меёбад. Профессор Фарҳод Шаропов ҳамчун ҳамоҳангсоз ва коршинос дар амалӣ намудани 6 лоиҳаи байналмилалӣ ширкат варзидааст ва дар донишгоҳҳои Турин (Италия), Диҷон (Фаронса), Эдинбург (Шотландия), Севиля (Испания) ва ғ. таҳқиқоти илмӣ анҷом додааст.

Барои хизматҳояш, Фарҳод Шаропов бо як қатор мукофотҳои бонуфуз, аз ҷумла бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (соли 2007) ва унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2012) сарфароз шудааст.

Дар Донишгоҳ Фарход Шаропов роҳбарии самтҳои банақшагирии стратегӣ, идоракунии сифат ва рақамикунонии равандҳои идоракунӣ ва илмию таҳсилотиро ба уҳда дорад. Ӯ барои таҳия ва татбиқи барномаҳои стратегии рушди донишгоҳ, мониторинги меъёрҳои сифат, инчунин барои ҳамгироии технологияҳои рақамӣ ҷиҳати автоматикунонии равандҳо, ки самаранокии фаъолияти донишгоҳро баланд мебардорад, масъул мебошад.

Рӯихати корҳои илмӣ – https://elibrary.ru/author_items.asp?authorid=721454