Рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ

Дар доираи шартномаи ҳамкорӣ, ки байни Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд баста шуд, табодули академии гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд сурат гирифт.
Дар доираи ин шартнома 9 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар давраи сессияи баҳории соли таҳсили 2024-2025 ба Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд сафарбар гардиданд.
Табодули академӣ ҷиҳати рушди малакаҳои касбии донишҷӯён дар заминаи ошноӣ бо таҷрибаи пешрафтаи таълимӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ сурат мегирад. Донишҷӯёни интихобшуда дар барномаҳои академии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд ширкат варзида, донишу маҳорати худро такмил медиҳанд.
Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки кормандони Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, аз ҷумла Тамила Ахмедова ва Фаришта Қаюмова дар конфронсу семинарҳои байналмилаливу ҷумҳуриявии Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаҳои 20.02.2025 ва 28.02.2025 фаъолона ширкат ва бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *