Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
Сардори Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Қудратов Некруз Абдунабиевич
Телефон: + 992 93 596 00 01
mail:nek-kudratov@mail.ru
Маълумоти мухтасар
Қудратов Некруз Абдунабиевич – сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Аз соли 2004 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад ва ҳамчун коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи щуҳуқуқи ҷиноятӣ шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ масъалаҳои мубрами ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, муқовимат бо терроризм ва эктремизм, ҷиноятҳои давлатӣ-ро дар бар мегирад.
Профессор Қудратов Некруз муаллифи зиёда аз 176 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла: 7 китоби дарсӣ, 28 воситаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва комплексҳои таълимӣ-методӣ, 5 монография ва 140 мақолаҳои илмӣ (аз ин миқдор 2 мақола дар маҷалаҳои Скопус ва зиёда аз 70 мақола дар журналҳои тақризшаванда) мебошад.
14 июни соли 2012 рисолаи номзадии худро пеш аз муҳлат дар Донишгоҳи давлатии лингвистикаи шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар мавзӯи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳое, ки бо муфлисшавӣ алоқаманд: масъалаҳои назария, амалӣ ва қонунгузорӣ» зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ профессор Шарипов Т.Ш. ва 10 декабри соли 2021 рисолаи докториашро дар мавзӯи “Ҳифзи ҳуқуқӣ-ҷиноятии асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатӣ: масъалаҳои доктриналӣ, ҳуқуқтатбиқкунӣ ва мукаммалгардонии қонунгузорӣ” таҳти мушовири илмӣ, профессор Кибалник Алексей Григоревич бомувафақият ҳимоя намудааст.
Барои хизматҳояш, Қудратов Некруз бо як қатор мукофотҳои бонуфуз, аз ҷумла бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (соли 2014) ва унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2017) сарфароз шудааст.
Дар Донишгоҳ Қудратов Некруз роҳбарии самтҳои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва инноватсиониро ба уҳда дорад. Ӯ барои ташкили корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, баргузории олимпидаҳои илмӣ, ташкил ва баргузории конфронсҳои илмии сатҳи гуногун, нашри маҷалаҳои илмӣ ва дигар корҳои илмӣ дар умум масъул мебошад.
Рӯихати корҳои илмӣ – https://www.elibrary.ru/author_profile.asp?id=662203