Табодули академии гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд сурат гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими равобити таълимию илмӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар доираи созишномаи ҳамкории байнимуассисавӣ ва барномаи табодули академӣ, 9 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар давраи сессияи баҳории соли таҳсили 2024-2025 ба Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд сафарбар гардиданд.
Табодули академӣ ҷиҳати рушди малакаҳои касбии донишҷӯён дар заминаи ошноӣ бо таҷрибаи пешрафтаи таълимӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ сурат мегирад. Донишҷӯёни интихобшуда дар барномаҳои академии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд ширкат варзида, донишу маҳорати худро такмил медиҳанд.
Раёсати донишгоҳ изҳори боварӣ мекунад, ки табодули академии мазкур ба баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии донишҷӯён дар бозори байналмилалии меҳнат мусоидат намуда, имкониятҳои нави омӯзишӣ ва касбиро барои онҳо фароҳам меорад.
