Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра:
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Кафедраи барномасозӣ ва низомҳои зеҳнӣ ба мавзӯи «Коркарди усулҳои барномасозӣ ва моделҳои татбиқи васеъи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шудааст. Устодони кафедра роҳҳои ҳали татбиқи технологияҳои иттилоотӣ иртиботӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмӣ анҷом дода истодаанд.
Дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ, таъмини рушди иқтисодиёт бо истифодаи татбиқи технологияҳои иттилоотӣ иртиботӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз роҳҳои баромадани иқтисодиёти Ҷумҳурӣ ба дараҷаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин муҳимтарин масъалаҳое мебошанд, ки кафедраи «Барномасозӣ ва низомҳои зеҳнӣ» дар доираи онҳо фаъолияти илмии худро ба роҳ мондааст.
Самти корҳои таҳқиқотию – илмии кафедра тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Раёсати илм барои солҳои 2020- 2025 муайян карда шудааст.
Дастовардҳои илмӣ–методии кафедра:
ISBN – 978 – 99975 – 53 – 98– 7 – 8.
Мақолаҳои маҷалаҳои тақризшавандаи КОА дар соли 2022 даҳ ададро ташкил мекунад.
Маҳфили илмии кафедра
Дар назди кафедра семинари илмӣ-назариявии устодони кафедра амал мекунад ва устодони кафедра вобаста ба мавзўҳои илмӣ-тадқиқотиашон дар он баромад менамоянд. Инчунин дар кафедра мањфили илмии донишљуён бо номи «Python-команда» амал мекунад. Дар маҳфил маърўзаҳои илмии донишљўён, ки ба масъалаҳои Барномасозӣ мансуб аст шунида мешавад.