Дар заминаи муносибатҳои бародаронаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва баргузории Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳунманд» ҳамкориҳои академии муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар мунтазам уфуқҳои навро касб мекунанд. Шаҳодати ин гуфтаҳо баргузории дарси кушоди амалӣ бо ташаббуси кафедраи забон ва фарҳанги факултаи гуманитарию педагогии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ҷалби экожурналист, медиатренер, роҳбари сомонаҳои www.ekolog.uz ва www.factchecker.uz, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон Қосимова Наргис Суннатовна дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами журналистикаи байналмилалӣ» мебошад, ки дар он устодони кафедра ва донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2-и ихтисоси рӯзноманигори байналмилалӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дарсро декани факулта, номзади илмҳои педагогӣ Холназар Назарзода ифтитоҳ намуда, оид ба зарурат ва аҳаммияти ташкили чунин мулоқотҳо суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки ҳадафи дарси амалии кушод шиносоӣ бо тамоюлҳои нави ВАО-и минтақавӣ ва баланд бардоштани малакаҳои касбии насли ҷавони рӯзноманигорон аст.
Дар идома, мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ Гулҷаҳон Абдурраҳмонзода қайд намуд, ки баргузории чунин машғулиятҳои амалӣ бо ҷалби устодони соҳибтаҷрибаи сатҳи байналмилалӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, то донишҳои назариявиро бо талаботи воқеии бозори меҳнати ҷаҳонӣ ҳамоҳанг намоянд.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода ба сухан баромада, ҳузури меҳмонро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт ва дарсро тариқи усули муколамаи интерактивии «Устод-Шогирд» сипарӣ намуд. Саволу ҷавоби озоди донишҷӯён ва устодон бо профессори хориҷӣ нишон дод, ки методикаи таълими муосир бояд ба интерактивӣ ва ташаккули тафаккури интиқодии донишҷӯён нигаронида шавад. Дар ин самт, қадамҳои устувори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шоистаи ибрат маънидод гардид.
Моҳияти асосии дарси кушоди доктори илмҳои филологӣ, профессор Қосимова Наргис Суннатовнаро метавон дар ду самти калидии илмию методӣ баррасӣ намуд:
1. Консепсияи Экожурналистика чун омили рушди устувор: Профессор Н. Қосимова бо такя ба таҷрибаи сомонаи худ (www.ekolog.uz) нишон дод, ки чӣ гуна рӯзноманигори муосир метавонад дар ҳалли масъалаҳои экологӣ ва ташаккули тафаккури «сабз»-и ҷомеа кӯмак намояд. Ин унсур барои мамлакати мо, ки пешсафи ташаббусҳои глобалии об ва иқлим дар ҷаҳон аст, аҳаммияти хоси илмӣ дорад.
2. Далелсанҷӣ (Fact-checking): Дар асри тағйирёбии рақамӣ, мубориза бо дезинформатсия ё хабарҳои дурӯғ вазифаи аввалиндараҷа гардидаст. Тавассути муаррифии платформаҳои мавзуӣ, ба донишҷӯён алгоритмҳои илмии фарқ кардани ҳақиқат аз дурӯғ ва усулҳои санҷиши маълумот омӯзонида шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки шахсияти профессор Наргис Қосимова ҳамчун олими соҳа ва рӯзноманигори амалиявӣ имкон дод, ки дарс дар сатҳи баланди назариявӣ ва методӣ ҷараён гирад.
Дар рафти машғулият масъалаҳои мубрами рӯзноманигории муосир, аз ҷумла экожурналистика ва амнияти экологӣ, нақши ВАО дар инъикоси мушкилоти глобалии иқлим дар Осиёи Марказӣ, фактчекинг, методҳои мубориза бо фейкҳо ва иттилооти бардурӯғ дар фазои маҷозӣ ва хусусиятҳои фаъолияти хабарнигорон дар шароити ҷаҳонишавӣ баррасӣ гардиданд.
Дар ҷамъбаст аз ҷониби устодони кафедра ба меҳмони гиромӣ армуғони миллӣ ва китоб тақдим карда шуд.















