ДБССТ ҲАМКОРИҲОРО ДАР САМТИ РАДДАБАНДИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «UI GREENMETRIC» ТАВСЕА МЕБАХШАД

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «UI GreenMetric World University Rankings» ҷиҳати густариши ҳамгироии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба фазои байналмилалии «донишгоҳҳои сабз» бо Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Созишномаи мазкур ба рушди ҳамкориҳо дар самти татбиқи меъёрҳои байналмилалии рушди устувор, таҳкими сиёсати экологӣ, рақамикунонӣ, идоракунии самараноки захираҳо ва омодасозии муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои иштирок дар раддабандии байналмилалии «UI GreenMetric» равона гардидааст.

Дар доираи ҳамкориҳо, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар самти мутобиқсозии фаъолияти донишгоҳ ба талаботи раддабандии байналмилалии «UI GreenMetric», такмили нишондиҳандаҳои марбут ба муҳити зист, инфрасохтори сабз, сарфаи энергия, идоракунии партовҳо, рушди нақлиёти устувор ва таҳкими фарҳанги экологӣ дастгирии методӣ ва машваратӣ мерасонад.

Ҳамзамон, ҷонибҳо барои татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди устувор, иқтисоди сабз, таҳқиқоти илмӣ, баргузории форумҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои байналмилалӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии «UI GreenMetric» пайваста ҷиҳати ҷалби муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин раддабандии бонуфузи байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ намуда, барои рушди модели муосири «донишгоҳҳои сабз» ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар саҳмгузорӣ менамояд.

Comments are closed.