ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ҚАТАР (QTM – 2025)

24 ноябри соли 2025 намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори муассиса, муҳтарам Убайдулло Асрорзода дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (QTM – 2025), ки рӯзҳои 24-27 ноябри соли 2025 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баргузор гардида истодааст, иштирок намуданд.

Зимни боздид аз гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон, намояндагони Донишгоҳ дар чорабинии рӯнамои зарфиятҳо ва имконоти сайёҳии Тоҷикистон, ки бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар доир гардид, ширкат варзиданд.

Ҳамзамон, дар доираи намоишгоҳи мазкур, мулоқоти роҳбарияти донишгоҳ бо ширкатҳои маъруфи самти сайёҳӣ ва меҳмондории ҷаҳонӣ сурат гирифт.

Дар назар аст, ки дар ин рӯзҳо мулоқоти ректори Донишгоҳ бо роҳбарияти якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва сохторҳои калидии бахши сайёҳӣ ва шабакаи меҳмонхонаҳои Давлати Қатар, аз ҷумла “Katara Hospitality” ва “Visit Qatar” доир гардад.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар