ЭЪЛОНИ УМУМӢ ОИД БА ХАРИДҲО

ЭЪЛОНИ УМУМӢ ОИД БА ХАРИДҲО

Кишвар:Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи лоиҳа:Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ
Бахш:Маориф
Навъи маблағгузорӣ:Қарзи Бонки Исломии Рушд (IsDB), лизинг (Forward Lease) ва гранти кӯмаки техникӣ
Рақами маблағгузорӣ:TJK1048

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ ба маблағи 13,95 млн. доллари ИМА аз Бонки Исломии Рушд дархости маблағгузорӣ пешниҳод намудааст ва ният дорад, ки қисме аз ин маблағҳоро барои пардохти молҳо, корҳо, хизматрасониҳои марбута ва хизматрасониҳои машваратии дар доираи лоиҳа харидшаванда равона намояд. Лоиҳа бо ҳаммаблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Лоиҳа унсурҳои асосии зеринро фаро мегирад:

Унсури A: Дастрасӣ ба таҳсилот дар соҳаи сайёҳӣ ва бизнес

Унсури мазкур сохтмон ва таҷҳизонидани биноҳои муосири таълимии ба иқлим тобовар ва хобгоҳҳои фарогири донишҷӯёнро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пешбинӣ менамояд, ки барои занон ва ҷавонони минтақаҳои деҳот дастраси ба таҳсилро таъмин менамоянд. Унсури мазкур фарогири зерунсурҳои зерин мебошад: A1. Сохтмони биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи донишҷӯёни Донишкадаи байналмилалии Данғара бо масоҳати таълимии дорои иқтидори умумии 1314 ҷой ва 56 аудитория, инчунин хобгоҳи донишҷӯён барои 336 ҷой; A2. Ҷиҳизонидани биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи Донишкадаи байналмилалии Данғара бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, лабораторӣ, технологӣ ва варзишӣ, инчунин ҷевонҳои стандартӣ.

Унсури B: Тақвияти институционалии низоми таҳсилоти олии соҳаи сайёҳӣ ва бизнес

Унсури мазкур дар бар мегирад: B1. Муосиргардонь ва рақамикунонии барномаҳои таълимӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии бозори сайёҳии ҳалол тавассути навсозии мазмуни курсҳо, рақамикунонии нақшаҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани низоми идоракунии таълим (LMS) барои дастгирии таълими маҷозӣ; B2. Дастрасӣ ба сайёҳии ҳалоли «ҳушманд», ва бизнес таҳсилот тавассути таҳияи курсҳои «Сайёҳии ҳалол», «Иқтисод/бизнеси исломӣ» ва барномаи сертификатсияи ҳалол дар донишгоҳ; B3. Баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди захираҳои инсонӣ тавассути ттабиқи барномаи босуръати такмили ихтисоси ҷонибҳои асосии манфиатдор дар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон.

Унсури C: Идоракунии лоиҳа ва дастгирии татбиқ

Унсури мазкур чунин фаъолиятҳоро фарогир мебошад: C1. Кормандони Маркази идораи лоиҳа (МИЛ); C2. Хароҷоти амалиётии МИЛ; C3. Машваратчӣ оид ба санҷиши ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва назорати лоиҳа, барои дастгирии санҷиши ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, кӯмак барои харид, назорати корҳои сохтмонӣ ва хариди молҳо, идоракунии шартномаҳо, инчунин тақвияти татбиқи лоиҳа, хусусан дар самти харид, идоракунии шартномаҳо ва таъмини умумии сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва молҳои харидоришуда.

Унсури D: Хизматрасониҳои аудити молиявии лоиҳа

Унсури мазкур арзиши хизматрасониҳои берунии аудити молиявиро барои санҷиши ҳисоботҳо оид ба хароҷот, тасдиқи сертификатҳои пардохтии давраи мобайнӣ пеш аз пурра намудани ҳисоби махсуси лоиҳа ва таҳияи ҳисоботи солонаи аудиторӣ мувофиқ ба стандартҳои байналмилалии аудит фаро мегирад.

Усулҳои зерин барои харид тибқи унсурҳои дар боло зикршуда истифода мешаванд:

Корҳои сохтмонӣ:

A1. Сохтмони биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи Донишкадаи байналмилалии Данғара: Тендерҳои байналмилалии рақобатӣ – кишварҳои узви IsDB (ICB/MC).

Молҳо ва хизматрасониҳои марбута (ҳамроҳ):

A2. Таҷҳизонидани биноҳои таълимӣ ва хобгоҳ: Тендери миллии рақобатӣ (NCB) ва «харидории миллӣ» (National Shopping).

B1. Муосиргардонӣ ва рақамикунонии барномаҳои таълимӣ (харидории таҷҳизот): Харидории миллӣ.

C2. Хароҷоти амалиётии МИЛ (таҷҳизоти IT, ҷиҳоз, нақлиёт): Харидории миллӣ.

Хизматрасониҳои машваратӣ:

B1. Муосиргардонӣ ва рақамикунонии барномаҳои таълимӣ: Машваратчиёни инфиродӣ.

B2 ва B3. Дастрасӣ ба сайёҳии ҳалоли «ҳушманд» ва бизнес таҳсилот, баланд бардоштани сифати таҳсилот: Интихоби мустақим (Single Source Selection) – Донишгоҳи байналмилалии исломии Малайзия.

C3. Машваратчӣ оид ба экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳа ва назорати иҷрои он: Интихоб мутобиқ ба «сифат ва арзиш» – кишварҳои узви IsDB (QCBS/MC).

D. Хизматрасониҳои аудити молиявии лоиҳа: Интихоб бо арзиши камтарин – ширкатҳои ватанӣ (LCS – Domestic).

Харидорҳое, ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд маблағгузорӣ мегарданд, мутобиқи «Дастурамал оид ба хариди молҳо, корҳо ва хизматрасониҳои марбута дар доираи маблағгузории лоиҳаҳои Бонки Исломии Рушд» (таҳрири моҳи апрели соли 2019 бо ҳама тағйиру иловаҳои минбаъда) анҷом дода мешаванд ва барои ҳамаи иштирокчиёни ҳуқуқдошта, тавре дар дастурамал муайян шудааст, кушода мебошанд. Интихоби хизматрасониҳои машваратӣ мутобиқи «Дастурамал оид ба хариди хизматрасониҳои машваратӣ дар доираи маблағгузории лоиҳаҳои Бонки Исломии Рушд» (таҳрири моҳи апрели соли 2019 бо тағйиру иловаҳои минбаъда) амалӣ мегардад.

Эълони мушаххас оид ба харид барои шартномаҳо, ки бояд тавассути тендерҳои байналмилалии рақобатӣ барои кишварҳои узви Бонки Исломии Рушд (ICB ё ICB/MC) гузаронда шаванд, инчунин барои хизматрасониҳои машваратӣ, пас аз омодагии онҳо дар сомонаи Бонки Исломии Рушд, дар суроғаи UNTJ.org ва дар сомонаи агентии иҷроия — http://www.iutet.tj нашр карда мешаванд.

Барои шартномаи зерин тахассуси пешакии таъминкунандагон ва пудратчиён талаб карда мешавад: Сохтмони биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи Донишкадаи байналмилалии Данғара (Унсури А).

Ширкатҳо ва шахсони ҳуқуқдору соҳибихтисос, ки хоҳиши иштирок дар таъминоти молҳо, иҷрои корҳо ё пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ дар доираи лоиҳаи мазкурро доранд, ё ба иттилооти иловагӣ ниёз доранд, ба ҷониби мафиатдор бо нишонии зерин муроҷиат карда метавонанд:

Муассиса:Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Ба таваҷҷуҳи:Фатҳулло Ҷабборов, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ
Суроға:Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
Тел.:+992 37 234 88 02
E-mail:dsx_ips@mail.ru, iutetiro.tj@gmail.com
Сомона:http://www.iutet.tj
Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар