ТАШРИФИ РЕКТОРИ ДБССТ БА ИНСТИТУТИ ГЁТЕ ДАР ШАҲРИ БЕРЛИН
5 марти соли 2024 ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз Дафтари Институти Гёте (Goethe-Institut) дар шаҳри Берлин боздид ба амал оварда, бо роҳбари минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии ин ниҳод доктор Ҳайке Улингмулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ масоили мубрами ҳамкориҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо, аз ҷумла марбут ба ташкили курси такмили ихтисос барои омӯзгорон, табодули академии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо Асрорзода Убайдулло Саттор аз Ҳайке Улинг даъват ба амал овард, ки дар фурсати барояш мувофиқ ба Тоҷикистон, инчунин ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф орад.
Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд ва дар назар аст, ки тибқи тавофуқоти қаблии Сафорат бо Мудири кулли Институти Гёте ин иқдом дар марҳилаҳои навбатӣ амалӣ мегардад.
Берлин, 05.03.2024