Омода намудани ҳуҷҷатҳои хазинавӣ ва бонкӣ ҷиҳати тасдиқ ва анҷом додани пардохтҳо;
Назорат ва санҷиши ҳамаи амалиётҳои бонкӣ ва хазинавӣ аз ҷиҳати дақиқӣ, ҳуқуқӣ ва мутобиқат ба талаботи Бонки исломии рушд (ИБР) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Санҷиши дурустии ҳисобнома-фактураҳои пудратчиён, таъминотчиён ва мушовирон, инчунин назорати равандиСармуҳосиб тасдиқ ва пардохти онҳо.
Идоракунии тамоми равандҳои марбут ба пардохтҳо, аз ҷумла таҳия, санҷиш ва пешниҳоди Дархостҳо оид ба бозпас гирифтани маблағҳо бо маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда мутобиқи тартиботи Бонки исломии рушд (ИБР) ва Созишномаи маблағгузорӣ;
Омода намудан ва боргузорӣ кардани дархостҳо ҷиҳати пурра намудани Ҳисоби махсус ва анҷом додани пардохтҳои мустақим дар Платформаи электронии пардохтҳои БОР (EDP), инчунин ҳамкорӣ бо гурӯҳ оид ба пардохтҳои БОР ҷиҳати бартараф намудани масъалаҳои бавуҷудомада ва таъмини пешниҳоди дақиқу саривақтӣ;
Малакаҳои устувори кор бо компютер ва таҷрибаи амалӣ дар истифодаи барномаи 1С: Муҳосибот ва дигар нармафзорҳои молиявӣ;
Малакаҳои аълои муошират;
Ба таври комил ва озод донистани забонҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ.
Салоҳиятҳо
Малакаҳои муошират: қобилияти ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ расонидани иттилооти мувофиқ, мухтасар ва дақиқ;
Дақиқӣ ва таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт: қобилияти таъмин намудан ва нигоҳ доштани сатҳи баланди дақиқӣ ва сифати кор, аз ҷумла дар шароити фишор ва иҷрои ҳамзамони якчанд вазифа;
Ҳалли мушкилот: қобилияти қабули қарорҳои асоснок, зоҳир намудани ташаббус дар ҳамаи равандҳои амалиётӣ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли амалӣ ва воқеӣ;
Банақшагирӣ ва ташкил: қобилияти мустақилона бо назорати ҳадди ақал кор кардан, муайян намудани афзалиятҳо ва банақшагирии сарбории кор, инчунин самаранок анҷом додани ҳаҷми зиёди вазифаҳои гуногун;
Кор дар гурӯҳ: ба роҳ мондани муоширати муассир ва муносибатҳои созанда дар дохили гурӯҳ ва берун аз он, табодули дониш, иттилоот ва таҷрибаи пешқадам;
Самтгирӣ ба натиҷа: қобилияти таъмини ноилгардӣ ва ҳатто аз ҳадафҳои гузошташуда ва вазифаҳои амалиётӣ болотар рафтан;