Мутахассис оид ба кафолатҳои экологӣ ва иҷтимоӣ

СУПОРИШИ ТЕХНИКӢ ВА ҲАҶМИ ХИЗМАТРАСОНИҲО

Номи вазифа:Мутахассис оид ба кафолатҳои экологӣ ва иҷтимоӣ
Номи лоиҳа:Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ
Рақами лоиҳа: TJK1048

Пешзамина

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷуброни хароҷоти Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ аз Бонки Исломии Рушд (БИР) маблағгузорӣ гирифтааст. Арзиши умумии лоиҳа 18,25 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 13,95 млн доллари ИМА ҳиссаи маблағгузории БИР мебошад. Лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммаблағгузорӣ мегардад.

Ҳадафи лоиҳа – беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ва баланд бардоштани сифати он дар заминаи таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ тавассути муосиргардонии инфрасохтори муассисаи мавҷуда ба як муассисаи замонавӣ, фарогир ва устувор дар ноҳияи Дангара, инчунин таҳким бахшидани иқтидори он барои анҷом додани нақши марказ (ҳаб) дар самти таҳсилоти соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ҳамчун пешсад дар таҳсилот доир ба сайёҳии ҳалол, ки таҷрибаи беҳтаринро дар дохили кишвар ва минтақавӣ паҳн мегардонад.

Лоиҳа аз ин унсурҳои зерин иборат мебошад: (A) Дастрасӣ ба таҳсилот дар соҳаи сайёҳӣ ва бизнес; (B) Қобилияти институтсионалии таҳсилот дар соҳаи сайёҳӣ ва бизнес; (C) Дастгирии идоракунии лоиҳа; (D) Аудити молиявӣ ва (E) унсури вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи ғайричашмдошт.

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (Агенти иҷроия) маркази алоҳидаи доимоамалкунандаи идоракунии лоиҳа (МИЛ) барои таъмини идоракунии самарабахш ва татбиқи лоиҳа дар доираи ҳаҷм ва муҳлати тасдиқшуда таъсис дода шудааст.

Агентии иҷроия ҷиҳати интихоби Мутахассис оид ба кафолатҳои экологӣ ва иҷтимоии Маркази идораи лоиҳа (МИЛ), ки таҳти роҳбарии бевоситаи Ҳамоҳангсози лоиҳа фаъолият менамояд, озмун эълон менамояд.

Вазифа ва уҳдадориҳои асосӣ

Супоришҳо ва вазифаҳои мушаххаси Мутахассис оид ба кафолатҳои экологӣ ва иҷтимоӣ инҳоро дар бар мегиранд:

  • ҳамоҳангсозии таҳияи Арзёбии таъсир ба муҳити зист (АТМЗ / ОВОС) ва Нақшаи идоракунии муҳити зист барои мавзеи лоиҳа то оғози корҳои сохтмонӣ ва таъмин намудани пешниҳоди саривақтии онҳо ба Бонки Исломии Рушд ҷиҳати баррасӣ ва мувофиқа;
  • таъмини таҳияи Нақшаи идоракунии муҳити зисти мушаххаси мавзеъ (EMP) ва арзёбии таъсири иҷтимоӣ (ба забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ ва/ё русӣ) мутобиқи сиёсати Бонки Исломии Рушд, қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меъёрҳо ва стандартҳои дахлдори экологӣ то оғози корҳои сохтмонӣ, инчунин татбиқи чораҳои пешгирӣ/коҳишдиҳӣ ва мониторинге, ки дар EMP пешбинӣ шудаанд.
  • баррасии вариантҳои аз ҷиҳати экологӣ асосноки истифодаи энергия, истифодаи самараноки мавод, инчунин роҳҳои такроран истифода намудан ва коркарди партовҳо (аз ҷумла насби панелҳои офтобӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани манбаъҳои алтернативии энергияи тоза дар иншооти муассисаи таълимӣ);
  • дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи кафолатҳои экологӣ-иҷтимоӣ таъмин намудани воридсозии ҳамаи талаботи экологӣ ба ҳуҷҷатҳои тендерӣ то оғози озмун тавассути пешниҳоди маълумоти зарурии ибтидоӣ ва санҷиши чунин ҳуҷҷатҳо; инчунин таъмин намудани мутобиқати синфхонаҳо, иншооти WASH, утоқҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои духтарон ба стандартҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ; ба лоиҳаи биноҳо ворид намудани ҳамаи чораҳои мутобиқшавӣ, ки дар Ҳуҷҷати арзёбии лоиҳа пешбинӣ шудаанд;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти экологӣ дар тамоми сатҳҳои лоиҳа (маълумоти ибтидоӣ, арзёбии таъсир, таҳлил ва ғайра) мутобиқи Нақшаи идоракунии муҳити зист.
  • пешниҳод роҳнамои техникӣ ва маълумоти зарурӣ ба кормандони лоиҳа ва Мушовир оид ба назорати лоиҳа вобаста ба масъалаҳои экологӣ ва талаботи лоиҳа (стандартҳои экологӣ дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ё байналмилалӣ, иҷозатномаҳо, ва санҷишҳои зарурӣ дар сатҳи лоиҳа);
  • мониторинги мустақилонаи иҷрои Нақшаи идоракунии муҳити зист (EMP), боздидҳо аз иншоот дар ҳолатҳои зарурӣ, муайян намудани мушкилот ва масъалаҳои вобаста ба татбиқи чорабиниҳои экологӣ ва пешниҳоди тадбирҳои ислоҳии зарурӣ;
  • гузаронидани тренингҳо (омӯзишҳо) барои воҳидҳои минтақавӣ ва ноҳиявии ҳифзи муҳити зист ва/ё Мушовир оид ба назорати лоиҳа вобаста ба стандартҳои экологии Бонки Исломии Рушд (дар ҳолати зарурат).
  • арзёбии паёмадҳои экологии корҳои сохтмонӣ тавассути анҷом додани боздидҳои мунтазам аз иншоот;
  • анҷом додани пешгӯии экологии таъсири лоиҳа;
  • иштироки бевосита дар фаъолияти Комиссияи давлатии қабули лоиҳаи анҷомёфта ҷиҳати мутобиқат ба талаботи экологӣ;
  • пешниҳоди мунтазами ҳисоботҳо мутобиқи талаботи Бонки Исломии Рушд ва мақомоти миллии дахлдор;
  • риояи махфият ва роҳ надодан ба ифшои маълумоти марбут ба лоиҳа, инчунин маълумоти ҳуҷҷатӣ ва шифоҳие, ки дар идораи Гурӯҳи идоракунии лоиҳа (PMU) дастрас мебошанд.

Малакаҳо, таҷриба ва тахассуси асосӣ

  • таҳсилоти олӣ дар соҳаи илмҳои экологӣ, идоракунии муҳити зист, тағйирёбии иқлим, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, рушди шаҳр, муҳандисӣ ва сохтмон ё дигар соҳаҳои вобаста – ҳатмӣ;
  • таҷрибаи кории на кам аз 5 (панҷ) сола дар соҳаи идоракунии экологӣ, донистан ва татбиқи амалии принсипҳои арзёбии экологӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ;
  • таҷрибаи на кам аз 2 (ду) солаи омодасозӣ, мониторинг ва/ё ҳисоботдиҳӣ оид ба Нақшаҳои идоракунии муҳити зисти мавзеи махсус (EMP) ва/ё навсозии Арзёбии пешакии экологӣ (IEE) дар доираи татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби муассисаҳои байналмилалии молиявӣ (Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд) ё дигар донорҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мегарданд – ҳатмӣ;
  • дониши хуб ва фаҳмиши амиқи Сиёсатикафолатҳои Бонки Исломии Рушд ё меъёрҳои шабеҳи дигар муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин қонунгузории экологии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.
  • ошноӣ бо лоиҳаҳо дар соҳаи маориф афзал дониста мешавад;
  • донистани забони англисӣ (хаттӣ ва шифоҳӣ) ҳамчун забони корӣ ҳатмӣ мебошад; ба таври озод донистани забони тоҷикӣ ё русӣ (хаттӣ ва шифоҳӣ) ҳатмӣ мебошад;
  • малакаҳои таҳияи ҳисоботҳои босифат бартарӣ ҳисобида мешаванд;
  • корбари боэътимоди барномаҳои MS Office (Word, Excel, PowerPoint), почтаи электронӣ ва дигар барномаҳои компютерӣ.

Салоҳиятҳо

  • малакаҳои муошират: қобилияти расонидани маълумоти мувофиқ, мухтасар ва дақиқ ба шакли хаттӣ ва шифоҳӣ; таҷрибаи таҳия ва навиштани ҳисоботҳо бартарӣ дониста мешавад;
  • дақиқият ва таваҷҷуҳ ба ҷузъиёти кор: қобилияти таъмин ва нигоҳ доштани сатҳи баланди дақиқӣ ва сифати иҷрои кор, аз ҷумла ҳангоми кор дар шароити фишор ва иҷрои чанд вазифа дар яквақт;
  • ҳалли мушкилот: қобилияти қабули қарорҳои асоснок, нишон додани ташаббус дар ҳамаи равандҳои амалиётӣ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли амалӣ ва воқеӣ.
  • банақшагирӣ ва ташкили кор: қобилияти мустақилона фаъолият намудан бо назорати ҳадди ақал, дуруст муайян намудани афзалиятҳо ва банақшагирии сарбории корӣ, инчунин самаранок иҷро намудани ҳаҷми зиёди вазифаҳои гуногун;
  • кор дар гурӯҳ: ба роҳ мондани муоширати самаранок ва муносибатҳои корӣ дар дохил ва хориҷи гурӯҳ, мубодилаи дониш, маълумот ва таҷрибаи пешқадам;
  • самтгирӣ ба натиҷа: қобилияти таъмини ноилшавӣ ва ҳатто аз ҳадафҳо ва вазифаҳои амалиётии гузошташуда зиёдтар иҷро намудан.

Шартҳои шартнома

  • Давомнокии шартнома – 12 (дувоздаҳ) моҳ бо давраи санҷишии 3-моҳа аз санаи имзои шартнома; шартнома дар асоси арзёбии солонаи натиҷаҳои фаъолият ва эҳтиёҷоти лоиҳа ҳамасола тамдид мегардад;
  • Сармуҳандис-сохтмонӣ бо шарти шуғли пурра (дар соатҳои кории идора) фаъолият менамояд;
  • Музди меҳнат ҳар моҳ мутобиқи ҷадвали музди меҳнате, ки байни Бонки Исломии Рушд, Агентии иҷроия ва Вазорати молия мувофиқа шудааст (тибқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) пардохт карда мешавад;
  • Вазифа сафари хизматӣ ба иншооти лоиҳа дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифта метавонад; хароҷоти сафар (шабонарӯзӣ, будубош ва ғайра) мутобиқи тартиби муқарраршуда ҷуброн карда мешаванд;
  • Мутахассис оид ба кафолатҳои экологӣ ва иҷтимоӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи лоиҳа ба Ҳамоҳангсози Маркази идоракунии лоиҳа итоат мекунад;
  • Ҷойи кор – шаҳри Душанбе ва ноҳияи Данғара.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • Маълумотома (CV);
  • Дипломҳои таҳсилоти олӣ ва сертификатҳои дахлдор бо тарҷума ба англисӣ;
  • Дафтарчаи меҳнатӣ.