Эълонхо: Мутахассис оид ба кафолатҳои экологӣ ва иҷтимоӣ

ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ

Кишвар:Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи лоиҳа:Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ
Бахш:Маориф
Хизматрасониҳои машаваратчии инфиродӣ:Мутахассис оид ба кафолатҳои экологӣ ва иҷтимоӣ
Навъи маблағгузорӣ:Қарзи Бонки Исломии Рушд
Рақами лоиҳа:TJK1048

Бонки Исломии Рушд маблағгузориро ба маблағи 13,95 миллион доллари ИМА барои Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ тасдиқ намудааст ва азм дорад қисме аз ин маблағро барои пардохтҳои қобили қабул тибқи шартномаи хизматрасонии мушовир – мушовири инфиродӣ истифода намояд, ки вобаста ба он дархости мазкур барои изҳори ҳавасмандӣ нашр гардидааст.

Ҳадафи лоиҳа – беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ва баланд бардоштани сифати он дар заминаи таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ мебошад. Ҳадафи мазкур тавассути муосиргардонии инфрасохтори муассисаи мавҷудаи соҳаи сайёҳӣ ва таҳким бахшидани иқтидори он барои анҷом додани нақши марказ (ҳаб) дар самти таҳсилоти соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ дар минтақа амалӣ мегардад. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Агентии иҷроияи лоиҳа мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳа 5 солро дар бар мегирад.

Хизматрасониҳо аз пешниҳоди дастгирии пурра ба Маркази идоракунии лоиҳа (МИЛ) / Агентии иҷроия (ИА) дар таҳияи Арзёбии таъсир ба муҳити зист ва Нақшаи идоракунии муҳити зист дар доираи лоиҳа тибқи қоидаҳо ва талаботи Бонки Исломии Рушд, инчунин тибқи қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои экологӣ дар ҳамаи сатҳҳои татбиқи лоиҳа; пешниҳоди роҳнамоии техникии экологӣ ва иттилоъ ба кормандони лоиҳа оид ба масъалаҳои экологӣ ва ғайра иборат мебошанд.

Давомнокии тахминии кор 60 (шаст) моҳро ташкил медиҳад. Санаи пешбинишудаи оғози супориш марти соли 2026 мебошад.

Тафсилоти пурраи вазифаҳои техникӣ (ToR) барои супориши мазкур дар истиноди зерин: https://iutet.tj/мутахассис-оид-ба-кафолатҳои-экологӣ/ дастрас буда, инчунин онҳоро аз рӯйи суроғаи дар поён зикршуда пайдо намудан мумкин аст.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии ва соҳибкории Тоҷикистон аз мушовирони инфиродии соҳибтахассус даъват ба амал меорад, то ҳавасмандии худро барои пешниҳоди хизматрасониҳои мазкур иброз намоянд. Мушовирони хоҳишманд бояд маълумоти мушаххас пешниҳод намоянд, ки ба талаботи тахассусӣ будани онҳоро барои иҷрои хизматрасониҳои пешбинишуда пурра тасдиқ намояд.

Руйхати кӯтоҳ дар заминаи арзёбии тарҷумаи ҳол (CV) ва маълумоти муфид дар ҷавоб ба ҳамин эълон, аз ҷумла тавсияномаҳо тартиб дода мешавад.

Довталабони иқтидорӣ бояд маълумотро дар бораи малакаҳои умумии касбӣ ҳамчун мушовири инфиродӣ, таҷрибаи корӣ дар самти мувофиқ, таҷрибаи фаъолият аз рӯйи супоришҳои мазкур, инчунин донистани забонҳо пешниҳод намоянд.

Мушовир тибқи усули интихоб, ки нисбат ба мушовирони инфиродӣ татбиқ мегардад ва тавре дар “Роҳнамо доир ба харидории хизматрасониҳои маслиҳатӣ дар доираи маблағгузории лоиҳаҳои Бонки Исломии Рушд” (нашри апрели соли 2019, таҳрири феврали соли 2023) муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.

Талаботи ҳадди ақали тахассусӣ:

  • Маълумоти олии касбӣ дар самти илмҳои экологӣ, идоракунии муҳити зист, тағйирёбии иқлим, ҳифзи меҳнат ва бехатарии техникӣ, рушди шаҳр, кори муҳандисӣ ва сохтмон ё соҳаҳои дидари шабеҳ ҳатмӣ мебошад;
  • Таҷрибаи на камтар аз 5 (панҷ) сола дар соҳаи идоракунии экологӣ, дониш ва татбиқи амалии принсипҳои арзёбии экологӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ;
  • Таҷрибаи на камтар аз 2 (ду) сола дар таҳия, мониторинг ва/ё ҳисоботдиҳии Нақшаҳои идоракунии муҳити зист (EMP), ки барои майдон/иншоот хос мебошанд, ва/ё навсозии Арзёбии ибтидоии муҳити зист (IEE) дар доираи татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби институтҳои байналмилалии молиявӣ (Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, БАТР) ё дигар донорҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мешаванд ҳатмӣ мебошад;
  • Дониши хуб ва фаҳмиши амиқи Сиёсати кафолатҳои Бонки Исломии Рушд ё меъёрҳои ҳаммонанди дигар муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин қонунгузории экологии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад;
  • Шиносоии қаблӣ бо лоиҳаҳои соҳаи маориф афзалият ҳисобида мешавад;
  • Донистани забони англисӣ (хаттӣ ва шифоҳӣ) ҳамчун забони корӣ ҳатмӣ мебошад; Ба таври озод донистани забони тоҷикӣ ё русӣ (хаттӣ ва шифоҳӣ) ҳатмӣ мебошад;
  • Маҳорати таҳияи ҳисоботҳои босифат афзалият ҳисобида мешавад;
  • Истифодабарандаи бомаҳорати MS Office (Word, Excel, PowerPoint), почтаи интернетӣ ва дигар барномаҳои компютерӣ.

Ба мушовирони инфиродии хоҳишманд тавсия дода мешавад, ки бо бандҳои 1.12.1 ва 1.12.2 “Роҳнамо доир ба харидории хизматрасониҳои маслиҳатӣ дар доираи маблағгузории лоиҳаҳои Бонки Исломии Рушд” (нашри апрели соли 2019, таҳрири феврали соли 2023) шинос гарданд, ки дар он сиёсати Бонки Исломии Рушд оид ба ихтилофи манфиатҳо баён шудааст.

Мушовирони инфиродии хоҳишманд аз рӯйи нишонии дар поён овардашуда, дар вақти корӣ, яъне аз соати 08:00 то 17:00 (бо вақти маҳаллӣ) маълумоти иловагӣ дастрас карда метавонанд.

Изҳори ҳавасмандӣ бояд дар шакли хаттӣ, ҳамроҳ бо тарҷумаи ҳол (CV) ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ (шахсан ё тавассути почтаи электронӣ) ба нишонии дар поён зикршуда, на дертар аз 17:00 9 феврали 2026 г. пешниҳод карда шаванд.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи: проф. Асрорзода Убайдулло Саттор

хиёбони Борбад 48/5, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел.: +992 37 234 88 02

Почтаи электронӣ: dsx_ips@mail.ru, нусха ба iutetiro.tj@gmail.com, idbroa@isdb.org

Сомона: http://www.iutet.tj

Comments are closed.