ОҒОЗИ ОЛИМПИАДАИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 11 БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ РАЁСАТИ ДБССТ»

20 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон озмун (олимпиада)-и хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» расман оғоз гардид.

Олимпиада дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор шуда, ҳадафи он дарёфт, дастгирӣ ва рушди истеъдодҳои ҷавон, инчунин таҳкими шавқу ҳавасмандии хонандагон ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи олимпиада Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор иштирок намуда, суханронӣ намуданд.

Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки баргузории чунин олимпиадаҳо ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди илму маориф, омода намудани кадрҳои баландихтисос, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи донишандӯзӣ, мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар кори олимпиада намояндагони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт, омӯзгорон ва тақрибан 1000 нафар хонандагон ширкат варзиданд.

Қобили зикр аст, ки натиҷаҳои олимпиада дар марҳилаҳои минбаъда ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ҷоизаҳо ва «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Comments are closed.