19 феврали соли 2026 ба ифтихори 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар фазои баланди эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизмати содиқонаи ҳомиёни Ватан ҷараён гирифт.
Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳ, ҳамчунин устодону донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Чорабинии тантанавӣ бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳ оғоз ёфт. Зимни суханронии худ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҳозирин ва дар симои онҳо кулли афсарону сарбозони кишварро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, таъкид кард, ки Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун сутуни устувори давлатдории миллӣ ва кафили амнияту суботи ҷомеа дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва оромии шаҳрвандон нақши сарнавиштсоз доранд. Зикр гардид, ки сиёсати оқилона ва дурбинонаи роҳбарияти олии давлат дар самти таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар имкон фароҳам овардааст, то артиши миллӣ ба неруи муосир, қудратманд ва боэътимод табдил ёбад. Ҳамзамон таъкид шуд, ки Донишгоҳ тарбияи ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, интизом ва омодагии хизмати содиқона ба Ватан аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ мешуморад.
Дар идомаи чорабинӣ, дар фазои тантанавӣ ғолибони даври ниҳоии мусобиқаи варзишӣ аз намуди тирпарронӣ, ки чанде пеш ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» баргузор ва ҷамъбаст гардида буд, бо дипломҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи пурмазмуни фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардида, бахши фарҳанги Донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони даъватшуда бо иҷрои суруду оҳангҳои ватандӯстона фазои идонаро боз ҳам шукӯҳманд гардониданд.
Чорабинии мазкур бозгӯи эҳтироми амиқи раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон нисбат ба Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бори дигар аҳаммияти хизмат ба Ватан, ҳифзи сулҳу субот ва пойдории давлатдории миллиро таъкид намуд.



































