БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТҲОИ ТАЪЛИМӢ АЗ ҶОНИБИ ПРОФЕССОРИ ОЛМОН ДАР ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚ ВА ГУМРУК

13 апрели соли 2026 дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон машғулиятҳои таълимӣ аз ҷониби профессори олмонӣ Оскар Радҳауэр (Oskor Radhauer) барои донишҷӯёни факултети ҳуқуқ ва гумрук баргузор гардиданд.

Зимни машғулиятҳо профессор ба донишҷӯён оид ба масъалаҳои муосири ҳуқуқи байналмилалӣ, танзими гумрукӣ, таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ дар соҳаи идоракунии гумрук ва татбиқи механизмҳои рақамӣ дар низоми ҳуқуқӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дарсҳо дар шакли интерактивӣ баргузор гардида, донишҷӯён имкони иштирок дар мубоҳисаҳо, пешниҳоди андешаҳо ва гирифтани посух ба саволҳои худро пайдо карданд.

Ҳамчунин, профессор таҷрибаи амалии кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро дар самти такмили қонунгузорӣ, мубориза бо қочоқ ва истифодаи технологияҳои муосир дар фаъолияти гумрукӣ шарҳ дод, ки мавриди таваҷҷуҳи зиёди иштирокчиён қарор гирифт.

Ёдовар бояд шуд, ки дар доираи Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.”, ки рӯзҳои 14-18 апрели соли ҷорӣ баргузор мегардад, баргузории беш аз 200 машғулиятҳои таълимӣ бо ҷалби профессорони хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Comments are closed.