БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ АЗ ҶОНИБИ ПРОФЕССОРИ ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶИИ ШАҲРИ САМАРҚАНД

Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи омӯзгорӣ, дар факултети гуманитарию педагогии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон машғулияти таълимӣ бо иштироки профессори маъруфи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Латипов Азиз баргузор гардид.

Мавсуф, ки ба ҳайси мудири кафедраи филологияи англисии Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии шаҳри Самарқанд фаъолият менамояд, дар ҷараёни машғулият бо донишҷӯён ва омӯзгорон усулҳои муосири таълими забони англисӣ, роҳҳои баланд бардоштани малакаҳои коммуникативӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсиониро дар раванди дарс шарҳу тавзеҳ дод.

Зимни машғулият иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки бо таҷрибаи пешқадами таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз наздик шинос шаванд. Ҳамчунин, мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои рушди забономӯзӣ ва такмили барномаҳои таълимӣ сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин машғулиятҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии донишҷӯён ва омӯзгорон заминаи мусоид фароҳам оварда, ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар