БАРГУЗОРИИ КЛУБИ РЕКТОРОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Нимаи дуюми 15 апрели соли 2026 пас аз баргузории Саммити ректорони донишгоҳҳои “сабз” дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Клуби ректорони Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин беш аз 100 нафар ректорони донишгоҳҳо ва коршиносони соҳа аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бо сухани муқаддимавӣ ва шодбошӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор чорабиниро ифтитоҳ намуда, иштирокчиён ва меҳмонони олиқадрро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, бахусус ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфт. Ректори Донишгоҳ зикр намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд заминаи мусоидро барои густариши ҳамкориҳои байнидонишгҳӣ, табодули таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак фароҳам меорад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳсилотӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Осиёи Марказӣ омили муҳими рушди устувори соҳаи маориф ва илм ба ҳисоб меравад.

Дар идома, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон баромад намуда, масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои байнимуассисавӣ, табодули таҷриба дар самти таълим ва илм, татбиқи технологияҳои муосир, рақамикунонии соҳаи маориф ва гузариш ба модели “сабз”-и рушди устувор мавриди баррасӣ қарор доданд. Иштирокчиён инчунин доир ба роҳҳои таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва рушди барномаҳои муштараки таҳсилотӣ табодули афкор анҷом доданд.

Қайд гардид, ки чунин платформаҳо барои таҳкими робитаҳои академӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар минтақа аҳамияти муҳим доранд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки ҷаласаи Клуби ректорони Осиёи Марказӣ бори ҳафтум баргузор гардида, барои нахустин маротиба мизбонии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ин рӯйдоди муҳим аз афзоиши эътимод ва нуфӯзи низоми таҳсилоти олии кишвар дар сатҳи минтақавӣ шаҳодат дода, ҳамзамон барои таҳкими ҳамкориҳои илмию таҳсилотӣ ва рушди робитаҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бояд қайд намуд, ки чорабинии болозикр дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» баргузор гардида, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ дар фазои Осиёи Марказӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Comments are closed.