Санаи 02 июни соли 2026 дастаи «Сайёҳ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Маҳфили Зарифон» бар дастаи «Кишоварз»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо ҳисоби 142 бар 122 пирӯзии шоиста ба даст овард.
Ин дастоварди назаррас нишонаи заҳмати пайваста, истеъдоди баланди эҷодӣ ва сатҳи баланди омодагии ҷавонон буда, боиси ифтихору сарфарозии тамоми ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ мебошад.
Бо камоли эҳтиром ин муваффақияти арзандаро ба кулли ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ самимона табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон пирӯзиҳои боз ҳам бештару дастовардҳои нав орзу менамоем.

















