ИШТИРОК ВА НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ 3-МОҲАИ ФИЛИАЛ

      16 апрели соли равон бо иштироки ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор аз фаъолияти Филиали Донишгоҳ дар вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд.
     Зимнан, гузориши директори Филиал дотсент Саидзода С.С. роҷеъ ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ-инноватсионӣ, равобити байналмилалӣ, ташкилӣ-тарбиявӣ ва хоҷагидорӣ дар семоҳаи аввали соли 2024 шунида шуд. Зикр гардид, ки натиҷаҳои фаъолияти Филиали Донишгоҳ дар ин давра назаррас арзёбӣ мегардад. Ин дар ҳолест, ки фаъолияти ҳамарӯзаи Филиал дар ин давра зери назорати ҷиддии роҳбарияти Донишгоҳ қарор дошт.
      Ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор зимни баромади хеш вобаста ба самтҳои мухталифи фаъолияти Филиал суханронӣ намуда, ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва боз ҳам бештар намудани дастовардҳо дастуру тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.
Махсусан, ректори Донишгоҳ қайд намуданд, ки ҳар як омӯзгор дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бояд саҳми муносиби худро гузорад. Вобаста ба ин, бояд омӯзгорон пайваста дар талоши баланд бардоштани сатҳи касбияти хеш бошанд ва ба шогирдон донишҳои замонавиро бештар омӯзонанд.
     Ҳамзамон, ректори Донишгоҳ ҷалби донишҷӯёнро ба курсҳои ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва сафарбар намудани онҳоро дар доираи барномаи табодули академӣ ба хориҷи мамлакат аз омилҳои асосии баланд бардоштани касбияти мутахассисони оянда арзёбӣ кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *