Тибқи нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаи 03 июни соли 2026, таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – шоҳкориҳои Пешвои миллат”, ба истиқболи 29-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Асрорзода Убайдулло Саттор, муовини якуми раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва собиқ вакили Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ ҳузур доштанд.
Муҷрии барнома, директори Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ Раъно Ҳошимзода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба тасвиб расидааст, ки ин санад гувоҳи таҳаммулпазирӣ ва сулҳпарварии миллати тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ба хотири гиромидошти ин рӯзи муқаддас ҳамоиши зерин баргузор карда шавад.
Сипас, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор зимни суханронии хеш қайд кард, ки ба даст омадани ваҳдати миллӣ дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистон давраи тамоман навро оғоз кард. Ислоҳоти ҷиддии иқтисодие, ки давлат ва ҳукумат дар давраи истиқлолияти миллии Тоҷикистон пеш гирифтанд, маҳз дар вазъияти сулҳу осоиш ва фазои ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшиданд. Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризоияти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи сарвари хирадманд – меъмори кохи ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст ва бебозгашт аст.
Баъдан, муовини якуми раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар боби моҳияти ваҳдати миллӣ ин нуктаро зикр намуд, ки дар баробари ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳу осоиштагӣ болоравии некуаҳволии халқ ва комёбиҳои назаррас дар ҳама равандҳои иқтисодиву фарҳангӣ таъмин гардида, дар ин баробар мавқеи давлати мо дар миқёси байналхалқӣ тақвият ёфт. Эътирофи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, дастгирии ташаббусҳои байналхалқии мамлакати мо ва торафт афзудани ҳаҷми сармоягузориҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар боз як далели равшан аст, ки дарвоқеъ аз хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.
Дар навбати худ, собиқ вакили Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ғайбулло Афзалов маъруза карда, чанд хотироти хешро дар робита ба ин ҷашни муқаддас баён кард. Аз ҷумла,барои кулли иштирокчиёни ҳамоиши имрӯза ва хурду бузурги Ватани азизамон ин ҷашни пурифтихори миллиро шодбош гуфта, барои ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ сулҳу субот, амнияту сарҷамъӣ ва рӯзгори босаодатро таманно кард.
Дар фарҷом якчанд иштирокдорони ҳамоиш дар робита ба баргузории чунин як ҳамоиши пурмуҳтаво изҳори назар карда, қайд намуданд, ки воқеан таҷлили чунин санаҳо таърихӣ дар мавриди ҳифзи хотираи таърихӣ мавқеи хос дошта, дар таҳкими ҳувияти миллӣ нақши муҳим мебозад.






















































