Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 15-ум ва 16-уми апрели соли 2024 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ “Оид ба шухпаймоӣ байни ҷавонон ва калонсолон (духтарон ва писарон) ” баргузор гардид.
Бояд зикр намуд, ки дар мусобиқаи мазкур ҳудуди 300 нафар аз ҳама шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар мусобиқаи мазкур донишҷуёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон зери роҳбарии устоди кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондорӣ Каримзода Ш. дар шакли гуруҳӣ иштирок намуданд.
Дар ин мусобиқа иштирокчиён аз рӯи 10 намуди варзиши шухпаймоӣ маҳорат нишон доданд.
Боиси хурсандист, ки дастаи донишгоҳ дар ин мусобиқа аз худ маҳорати баланд нишон дода, бо гирифтани 2 ҷои аввал, 4 ҷои дуюм ва 1 ҷои сеюм дар мусобиқаи мазкур дастболо гардиданд.
Дар охири чорабинии ҷумҳуриявӣ ғолибон аз тарафи кумитаи тадорукот бо диплом ва медалҳо сарфароз гардонида шудаанд.