Санаи 15 июни соли 2026 дар Донишгоҳ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Кадрҳои тозаинтихобро намонядаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мансурӣ Дилрабо ба аҳли коллектив муаррифӣ намуд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони зерин ба вазифаҳои пурмасъул таъин карда шуданд:
1. Мирзозода Абдусалом – ректори МД «Донишкадаи технологияҳои ракамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
2. Маҳмадалӣ Бахтиёр – Ректори МД «Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд»-и МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
3. Саидзода Масрур – Ректори МД «Академияи Сайёҳӣ»-и МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
4. Ҷабборзода Фатҳулло – Ректори МД «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия»-и МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
5. Ҷуразода Хайриниссо – Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”
6. Ҷалилзода Ромиш – Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
7. Мирсаидзода Фаридун – Директори Институти таҳсилоти фосилавӣ, ғоибона ва муттасили МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон».
Ҳайати раёсат ва профессорону омӯзгорони донишгоҳ онҳоро табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои назаррасро таманно доранд!






















