Таҳти чунин унвон бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар доираи “Ҳафтаи илм” 25 апрели соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шарикӣ бо Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ ба кори худ шурӯъ намуд.
Дар конфронси мазкур намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ (Россия, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон), кормандони мақомоти гумрук, Вазорати адлия, Академияи миллии илмҳо, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ва намояндагони дигар корхонаву идораҳо ширкат варзиданд.
Кори корфронсро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия н.и.и., дотсент Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, дар бораи мазмун ва моҳияти “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ибрози андеша намуд.
Сипас, тибқи барномаи конфронс Хайриддинзода Азизбек – муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмудзода Махкам Аъзам – академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Раҳимзода Маҳмад Забир – узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн – мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Тоирзода Малика Тоир – муовини сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қудратов Некруз Абдунабиевич – сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор бо маърӯза баромад намуданд.
Аз ҷониби академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҳмудзода Маҳкам Аъзам ба Китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳ китобҳои тозанашр тӯҳфа гардиданд.
Ҳамзамон, дар фарҷоми ҷаласаи ифтитоҳии конфронс бо дарназардошти ҳамкориҳои судманд ва иштироки фаъол дар баргузории конфронси болозикр, бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мутахассисони варзидаи соҳаи ҳуқуқи мамлакат бо “Сипоснома”-и раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Пас, аз нисфирӯзӣ конфронс кори худро дар бахшҳои алоҳида, аз ҷумла 1) Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ: масъалаҳои ҳуқуқӣ ва фалсафӣ; 2) Сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 3) Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар шароити саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 4) Мукаммалсозии механизми молиявии рушди сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар раванди амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат; 5) Нақш ва мақоми фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар таҳким ва рушди саноатикунонии босуръати мамлакат; 6) Масъалаҳои мубрами омӯзиш ва таълими забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дод.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур тули 2 дӯз бо пешниҳоди мақолаҳои илмӣ аз ҷониби омӯзгорону муҳаққиқон ва магистрантону донишҷӯён идома меёбад.
Натиҷаи конфронс дар шакли маҷмӯаи корҳои илмӣ нашр карда мешавад.