ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲИ ИЛМ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ШЭНСИИ ЧИН

    Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Вейнани вилояти Шенсии ин кишвар бо роҳбарияти Донишгоҳи илм ва технологияи Шэнсии Чин мулоқоти судманду бобарор анҷом дод.
    Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор дар рафти мулоқот бо ҳамтои хориҷии хеш вобаста ба зарфияту имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус пойгоҳи муосири омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сӯҳбат намуд.
   Роҳбарияти Донишгоҳи илм ва технологияи Шэнсии Чин низ аз имкониятҳои таҳсил ва шарту шароитҳои таҳсил дар ин Донишгоҳ маълумот дода, ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
    Қайд гардид, ки Донишгоҳи илм ва технологияи Шэнсии Чин омодааст аз оғози соли хониши 2024-2025, 30 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро дар доираи барномаи табодули академӣ ва омӯзиши забони чинӣ қабул намояд. Ҳамзамон, қабули 15 нафари дигарро низ дар доираи табодул дар зинаҳои магистратура ва доктор PhD қобили қабул донистанд.
    Инчунин, роҳбарияти Донишгоҳи мазкур омодагии хешро ҷиҳати сафарбар намудани омӯзгорон барои дарс додан дар ихтисосҳои забони чинии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баён намуд.
Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон амалисозии нақшаву ҳадафҳои гузошташударо дар доираи қонунгузорӣ қобили қабул ва ба манфиати ҷонибҳо донист.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *