Дар доираи сиёсати байналмилаликунонии таҳсилот ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ вохӯрии ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Убайдулло Асрорзода бо намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои Ҷопону Чин баргузор гардид.
Меҳмонон дар ҳайати раиси Ассотсиатсияи умумимиллии иқтисодӣ ва ҳамкориҳои Ҷопон Чжан Юншэн, президенти Корпоратсияи таълимии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Ҷопону Чин доктор Ҳан Эйҳоу, ректори Коллеҷи сайёҳӣ ва фарҳанги Коясан ва намояндаи хориҷии Ассотсиатсияи роҳбарони муассисаҳои таълими забони ҷопонӣ Ин Ҳунъян ташриф оварданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, роҳандозии барномаҳои табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорони ҷонибҳо, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва такмили ихтисос, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар самтҳои сайёҳӣ, дипломатия ва забонҳои хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои таҳияи санадҳои нави ҳамкорӣ байни донишгоҳ ва муассисаҳои таълимии Ҷопону Чин, ташкили чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ ва густариши табодули таҷрибаи илмӣ ва академӣ баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуда, таъкид карданд, ки татбиқи ташаббусҳои муштарак метавонад барои баланд бардоштани сатҳи байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва рушди робитаҳои илмиву таълимӣ бо муассисаҳои пешрафтаи Ҷопону Чин заминаи мусоид фароҳам оварад.




























