31 августи соли 2026 Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.
Меҳмони муҳтарамро ректори Донишгоҳ, профессор Убайдулло Асрорзода самимона истиқбол намуда, зимни боздид ӯро бо дастовардҳои муассиса, имкониятҳои таълимию илмӣ, инфрасохтори муосир, раванди рақамикунонӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди Донишгоҳ шинос намуд.
Дар доираи ташриф мулоқоти Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа бо роҳбарият ва ҳайати Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар идомаи чорабинӣ, бо дарназардошти саҳми арзандаи доктор Абдулҳамид Алхалифа дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, дастгирии ташаббусҳои созандаи иҷтимоию иқтисодӣ, мусоидат ба рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими робитаҳои шарикӣ, ба Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ унвони «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон эъто гардид.
Ректори Донишгоҳ, профессор Убайдулло Асрорзода зимни супоридани шаҳодатнома ва нишони «Профессори фахрӣ» таъкид намуд, ки ин иқдом ифодагари эҳтироми баланди ҷомеаи академии Донишгоҳ ба фаъолияти байналмилалӣ ва саҳми доктор Абдулҳамид Алхалифа дар дастгирии рушди устувор, маориф ва неруи инсонӣ мебошад.
Доктор Абдулҳамид Алхалифа барои чунин қадрдонӣ ба роҳбарият ва ҷомеаи академии Донишгоҳ изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳои судманд баён дошт.
Ташрифи Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва додани унвони «Профессори фахрӣ» ба ӯ ҳамчун саҳифаи нави ҳамкориҳои Донишгоҳ бо ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ арзёбӣ гардида, барои муаррифии имкониятҳои сармоягузории муассиса, роҳандозии ташаббусҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои нави таълимию инноватсионӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.











